(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Литсейи №1 Ҷоми Раиси шаҳрро ба даст овардТибқи нақша- чорабинии бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  ва бо мақсади рушди футбол, ҷалби васеи омма ба ин намуди варзиш санаҳои 3 - 17 майи соли 2018 дар майдони варзишии футболи Муассисаи давлатии “Мактаби варзиши №1”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд” баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур  17 даста аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо бо фарогирии беш аз 300  нафар хонандагон иштирок намуданд.

Ҳамин тавр ҷои якум насиби дастаи литсейи №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, ҷои дуюм дастаи гимназияи №24 ва ҷои сеюм дастаи гимназияи №4 гардида.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ташкили чунин мусбиқотро барои рушди футбол муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки он ба солимӣ ва муаррифии миллат мусоидат хоҳад намуд.  Раиси шаҳр ба ғолибони мусобиқа Ҷом, диплом, ифтихорнома, медал ва тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд