(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЗимни боздид аз Регистони Самарқанд оилаҳои намунавии шаҳри Хуҷанд ба санъати баланди ин маҷмааи таърихӣ ба ҳайрат афтоданд.
Аз рӯи лоиҳаи Мирзо Улуғбек дар Регистон корвонсарой, хонақоҳ, гармоба ва масҷид низ сохтаанд. Ҳоло дар ҷои корвонсарой Мадрасаи Тиллокорӣ ва дар ҷои хонақоҳ Мадрасаи Шердор истодааст, ки бо фармоиши ҳокими Самарқанд Ялангтӯш бунёд ёфтаанд. Иморати аз ҳама калон мадрасаи Алика Кӯкалдош будааст, ки 210 гумбаз доштааст.
Номи деринаи Регистон Сардувоник будааст, тахмин ба маънои ҷои тақсимгоҳи оби равон. Ҳафриёти археологҳо мавҷудияти ҷӯйҳои қадимаи Регистонро тасдиқ кардаанд.
Дар сохтмони Мадрасаи Улуғбек бо илтимоси ӯ модараш Гавҳаршод аз Ҳирот меъмори машҳури он замон Қавомиддини Шерозиро мефиристад. Бояд таъкид намуд, ки Италия бо ёдгориҳои меъмориаш дар ҷаҳон машҳур аст. Донишмандони он ба ҳар як рӯйдоди меъморӣ аз зинаҳои баланди комёбиҳои меъморони шӯҳрати ҷаҳонидоштаи худ баҳо медиҳанд. Чанд сол пеш китоби калони мусавваре дар Маскав бо номи «Мӯъҷизаҳои меъморӣ» (тарҷума аз итолёвӣ) чоп шуд, ки дар он Ансамбли Регистони Самарқанд дар радифи Персо-полиси Шероз, Масҷиди Имоми Исфаҳон ва Тоҷмаҳали Ҳиндустон ба рӯйхати мӯъҷизаҳои меъмории олам даромадааст.
Роҳбаладон нақл намуданд, ки ҳар саҳар соати шаш дар майдони Регистон кор оғоз меёбад. Фаррошон ба поккорӣ сар мекунанд, боғбонҳо бо шинондани гулу рустаниҳои ороишӣ ва об додани буттаву ниҳолу дарахтону сабзаҳо машғул мешаванд. Кор аз субҳ то шом идома меёбад. Яъне кормандони маҷмӯаи Регистонро фидоӣ гӯед, хато наме-кунед. Мадрасаҳои куҳансол ба мисли мӯйсафедони пир ғамхории ҳамарӯзаро талаб мекунанд. Ягон рӯз нест, ки дар Регистон корҳои тармиму таъмир сурат нагирад. Маъмурияти Регистон низ мекӯшад, ки ба ҷои кошинҳои шикаста кошинҳои айнан ба кошини дерин монанд насб гардад.
Дар майдони байни мадрасахо дар се сол як маротиба фестивали байналхалқии “Таронаҳои Шарқ” (Шарқ тароналари) баргузор мегардад.
Ёдгориҳои меъмории ин шаҳри бостониву бӯстонӣ, махсусан қисмати Регистони он, беҳтарин намунаҳои ҳунари шаҳрсозии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин ҷо се мадраса – Улуғбек (солҳои 1417-1420), Шердор (1619-1636), Тиллокорӣ (1647-1660) ва манораҳои пурнақшу нигор қомат афрохтаанд. Дасти Регистон пеши назари оламиён таърихи чандҳазорсоларо сафҳагардонӣ мекунад. Ҳамаи роҳҳои Самарқанд рӯзгоре ба Регистон пайванди ногусастание доштанд. Аз ҷумла, шаш кӯчаи шаҳр ба «Тоқи телпакфурӯшон», ки дар асри XV бунёд гардидааст, мепайваст. Дар аҳди Амир Темур ва Мирзо Улуғбек Регистон ба майдони асосии тиҷоратӣ табдил ёфт. Имрӯз низ Регистон, ба сифати маркази тиҷорату ҳунармандӣ, аҳамияташро гум накардааст.
Аз ҳама муҳим нуктае, ки роҳбалади мо зикр дошт дар қисмати шарқии Регистон, дар Чорсу, маҳаллаи хуҷандиён ва мавзеъи Қӯшҳавз вуҷуд дорад, ки дар он ҷо замоне сокинони Хуршедшаҳр истиқомат мекарданд. Маҳаллаи Қӯшҳавз, ки имруз дар шаҳри Хуҷанд вуҷуд дорад, маълум мешавад, ки аз маҳаллаи қадимаи тоҷикон будааст.
Сипас, оилаҳои намунавии шаҳр аз марқади аввалин Президенти Узбекистон Ислом Каримов ва дигар мавзеъҳои таърихии минтақаи Регистон ошноӣ пайдо намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд