(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Сафари оилаҳои намунавии шаҳри Хуҷанд ба СамарқандТавре, ки иттилоъ дода будем, дируз дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд аз Рӯзи оила таҷлил карда шуд. Нахуст дар вазъияти тантанавӣ 9 ҷуфт оилаҳои барӯманду намунавии шаҳри Хуҷанд, ки аз маҳаллаҳои шаҳр ва касбу кори гуногун интихоб шуда, муддати зиёд ҳамзистӣ намуда буданд, бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бахшида ба Рузи Оила ба сафари серӯзаи шаҳри бостонии Самарқанд роҳхат гирифтанд ва чанд лаҳза пеш ба ин шаҳри куҳан расида омаданд.

Бояд қайд намуд, ки ин иқдом бори аввал дар қаламрави кишвар бахшида ба эълон гардидани соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" амалӣ гардида, имкон медиҳад сафи оилаҳои намунавию ҳамзистии тулонӣ афзун шавад. Ҳамзамон оилаҳои ҷавоне, ки дар ҳайати гуруҳанд аз умри ибратбахши оилаҳои баруманд ва ҳамзисти тулонӣ сабақ меомузанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд