(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дарёи муҳаббатДар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд, ба ифтихори «Рӯзи байналмилалии оила» маҳфили «Дарёи муҳаббат» ташкил ва баргузор карда шуд.

Чорабиниро сардори хонаи ақди никоҳ Хуршедахон Хоҷазода ҳусни оѓоз бахшида, ҳамагонро бо «Рӯзи байналмилалии оила»  муборакбод намуда, ба оилаҳои барӯманди шаҳри Хуҷанд барору муваффақиятҳо таманно кард.

Мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссар Сангинова ҳадаф аз гузаронидани чунин маҳфилҳоро дар остонаи Рӯзи оила ва муқаддас будани оиларо ба аҳли нишаст шарҳ дод.

Сипас аз ҷониби барандагони чорабинӣ оилаи ҳамзисти 60 сола Алиевҳо аз маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз», оилаи ҳамзисти 55 сола Юнусовҳо аз маҳаллаи «Навбаҳор», инчунин оилаи ҳамзисти 50 сола оилаи Сайдуллоевҳо аз маҳаллаи «Сари баландӣ» ва оилаи ҳунарманд Ашӯровҳо бо ҳунари гаҷкори, ки саҳми худро дар ин толори хонаи ақди никоҳ гузоштаанд, даъват карда шуданд.

altДар чорабинӣ санъаткорон бо суруду таронаҳои дилангез хотири аҳли нишастро болида гардониданд.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокдорони чорабинӣ бо «Сипоснома» ва тӯҳфаҳо аз тарафи хонаи ақди никоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Бояд қайд кард, ки маҳфили мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дарёфти беҳтарин оилаҳо, тарѓибу ташвиқи оилаҳои солим, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила роҳандозӣ карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд