(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд 9 оилаи намунавиро ба Самарқанд фиристондДар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд аз Рӯзи оила таҷлил карда шуд. Нахуст дар вазъияти тантанавӣ оилаҳои барӯманди шаҳри Хуҷанд, ки муддати зиёд ҳамзистӣ намуда буданд, ба саҳнаи ифтихорӣ бо карнаю доира ва сурнай даъват карда шуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз дастоварди ҳунармандони шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо карда, ба ҳунари дастӣ онҳо баҳои баланд дод. Раиси шаҳр ба ҳунармандон омодагии Мақомоти ичрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро ҷиҳати дастгирӣ ва мусоидат баҳри рушди ҳунармандӣ изҳор дошт. Шаҳрдор ҳамчунин тавсияҳои хешро ҷиҳати бозоргир намудани маҳсулот ба ҳунармандон ироа дошт.

Дар ҷамъомади бошукуҳи идона бахшида ба Рӯзи оила Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иштирок ва баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки соли 2018 барои сокинони кишварамон соли бобарор ва соли иду ҷашнҳост. Зеро бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, мо дар арафаи ҷашнвораҳои бузурги миллӣ, 21-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дошта, ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида истодаем.Имрӯзҳо бошад, мо дар арафаи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила қарор дорем. Бо истифода аз фурсат Рӯзи байналмилалии оиларо барои ҳар яки Шумо ва тамоми сокинони диёрамон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод намуда, рӯзгори ободу осуда ва устувории бинои оиларо таманно дорам.Бояд қайд намуд, ки оила рукни асосии ҷомеа маҳсуб меёбад ва аъзои он бо солимиву фаъолнокии худ ба ҷамъият ва давлат нафъи зиёд меоварад.

Раиси шаҳр гуфт, ки мо тоҷикон соҳиби анъанаи хуби оиладорӣ мебошем, ки он ҳамаи масоили марбут ба оила ва муносибату муоширати байни аъзои оиларо дарбар мегирад, ки риояи он имкон медиҳад, оилаҳои босуботу пойдор ва хушбахт бештар шавад.

Таъкид шуд, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда истодаанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Роҳбари давлат ба фаъолияти занону ҷавонон эҳтироми хоса зоҳир менамоянд ва дар якчанд барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид шудааст. Мустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаю оиладорӣ мо метавонем, беҳтарин анъанаю одатҳоро идома дода, худшиносии миллиро дар дили аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, ҷойгир намоем.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд оилаҳое кам нестанд, ки солҳои сол аҳлона ва хушбахтона зиндагӣ намуда, намунаи ибрати ҳамагон гардидаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таҳкими оила, тарщибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад. Давлат ва оила бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Оилаи солим аз зану шавҳар иҷрои вазифаҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, иқтисодию маишӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сабру тоқат, андеша, эҳтироми якдигар ва тарбияи фарзандонро талаб мекунад.

Зикр гардид, ки бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар 22 маҳаллаҳои шаҳр  озмуни шаҳрии «Ҳунарманди беҳтарин»   ташкил ва баргузор гардида, ки имрӯз дар ин толори зебо аз он натиҷагирӣ намуда истодаем. Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои оиладорӣ, баланд бардошани маърифати оиладорӣ, танзими муносибатҳои оилавӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, маҳорати кадбонугӣ, тарғиби таомҳои миллӣ роҳандозӣ гардид.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ин таваҷҷӯҳ пеш аз ҳама дар заминаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Ва он имкон фароҳам меоварад, ки мо ба анъанаҳои миллӣ ҳамчун рамзи фарҳанги миллӣ дар тӯли таърихи зиёда аз ҳазорсолаи давлатдорӣ муроҷиат намуда, ҳамзамон дар айёми бархурдҳои бузурги тамаддунҳои ҷомеаи муосир симои ҳақиқии як рукни муҳими миллиро ҷилвагар созем. Баргузории Озмуни шаҳрии «Ҳунарманди беҳтарин» падидаи шоистаи фарҳангие маҳсуб мегардад, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи суннатҳои миллиамон саҳми муносибе гузошта, дар самти ривоҷу равнақи анъанаҳои миллӣ ва унсурҳои тамаддуни қадима мусоидат хоҳад намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар охири суханронии хеш пайғом расонд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Рузи байналмилалии оила ба 9 оилаҳое, ки ҳамзистии 50- сола, 40-сола, 20-сола доранд ва  оилаҳое, ки дар озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» ҷойи намоёнро ишғол намудаанд, ба кишвари дӯсту бародари  ба мо ҳамсояи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Самарқанди бостонӣ роҳхат тӯҳфа карда мешавад. То ин, ки оилаҳои барӯманд, ки аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин шаҳри куҳан боздид ва баҳрабардорӣ намоянд. Чунин василаи ҳавасманднамоии оилаҳо аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар оянда низ идома дода мешавад.

Сипас, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова баромад намуда, аз муқаддас будани мафҳуми оила ҳарф зад. Мавсуф таъкид дошт, ки ҳамзистии якҷоя ва баракоту маданияти оиладории фарзандони барӯманди шаҳри Хуҷанд бояд ба насли ҷавон намунаи ибрат бошад. Аз фалсафаи оиладории онҳо бояд дарс омӯхт. Чунин оилаҳо мояи ифтихори ҳар якеи мо ва бояд зиндагии аҳлонаи эшонро тарғиб намоем.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» тӯҳфаҳои Раиси шаҳр тақдим карда гардиданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба 9 нафар оилаҳои намунавии шаҳр, аз ҷумла оилаи Бобоҷоновҳо, Қосимовҳо, Аброровҳо,  Бобочоновҳо,  Гадоевҳо,  Курбоновҳо, Ашӯровҳо, Атоевҳо ва Тоҳировҳо, ки аз қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳри Хуҷанд ҳастанд роҳхатро ба сафари серӯзаи шаҳри Самарқанд супорид.

Ҳамчунин ба якчанд нафар оилаҳои намунавии шаҳр, ки ҳамзистии тӯлонӣ доштанд, китоби «Оила- асоси ватандорӣ», ки муаллифи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мебошад, тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд