(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамшаҳриёни гиромӣ!

Рӯзи байналмилалии оиларо барои ҳар яки Шумо ва тамоми сокинони диёрамон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод намуда, рӯзгори ободу осуда ва устувории бинои оиларо таманно дорам.

Оила мураббии аввалин, раҳнамои ҳаёт, тарбиятгари асосӣ ва асосгузори феълу атвори ҳар як кӯдак буда, дар баробари қонуни меҳру навозиш буданаш, маркази парвариши беҳтарин истеъдодҳост.

Мо, тоҷикон, соҳиби анъанаи хуби оиладорӣ мебошем, ки он ҳамаи масоили марбут ба оила ва муносибату муоширати байни аъзои оиларо дар бар мегирад, ки риояи он имкон медиҳад, оилаҳои босуботу пойдор ва хушбахт бештар шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки «Бидуни оилаҳои мустаҳкаму муқтадир ҷомеаи беолоиш вуҷуд дошта наметавонад». Дар навбати худ, оилаҳои ба мисоли садди искандарӣ пойдору нерӯмандро фақат наслҳои рустамсифати филтан ва ба сони Гурдофарид соҳибҷамолу таҳамтан созмон доданашон мумкин асту бас. Оре, аз падару модар ва тифлакони зебою солеҳи эшон солимии оила таъмин мешавад ва мутаносибан аз оилаҳои комгору саодатманд иморати ҷомеаи мутамаддин қомат меафрозад. Ин нуқтаи муҳимро мактаби бузурги зиндагӣ собит кардааст.

Мустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаю оиладорӣ мо метавонем, беҳтарин анъанаю одатҳоро идома дода, худшиносии миллиро дар дили аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, ҷойгир намоем.

Дар  шаҳри Хуҷанд оилаҳои зиёди намунавӣ зиндагӣ ба сар доранд, ки намунаи ибрати оилаҳои ҷавон ҳастанд.

Конститутсияи кишвар таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доштани оила, никоҳ, модар, падар ва кӯдакро кафолат додааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таҳкими оила, тарuибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад. Давлат ва оила бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Зану шавҳар дар иҷрои вазифаҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию маишӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сабру тоқат, андеша, эҳтироми якдигар ва тарбияи фарзандон масъулияти калон доранд.

Бигзор, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълом гардид ва Рӯзи байналмилалии оила ба рушду нумӯъ, таҳкиму пойдории оилаҳо мусоидат намояду давлатамон тавоно, миллатамон сарбаланд, фарзандонамон солиму некбахт бошанд.

Рӯзи гиромидошти оила ва оиладорӣ муборак, ҳамшаҳриёни азиз!