(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ярмарка ба пешвози моҳи РамазонСубҳи имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар назди Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардид.

Дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба нархҳои бозор арзонтар пешниҳоди сокинон намуданд.

Чуноне, ки маълум шуд, як кило сабзӣ 0,80 дирам, картошка 2 сомонӣ, карам 1 сомонӣ, гӯшти гов 27-30 сомонӣ, гӯсфанд 35 сомонӣ ва ғайраҳо ба фурӯш гузошта шуданд. Дар ярмаркаи мазкур аз тарафи корхонаҳои ордбарорӣ, аз ҷумла як халта орди навъи якуми 50 килогӣ аз тарафи ширкати «Фатир» ба маблағи 110-115 сомонӣ фурӯхта мешуд, ки ин миқдор навъи орд дар бозор беш аз 140 сомониро ташкил медиҳад.

Интизор меравад, ки ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ пагоҳ яъне 13 майи соли равон дар мавеъи номбурда ташкил карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд