(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Маъруф Муҳаммадзода бо донишҷӯён дар ДушанбеДар шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахти мамлакат, ки аз шаҳри Хуҷанд мебошанд, мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, Дилрабо Мансурӣ ва зиёда аз 200 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода  мулоқоти мазкурро тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарбияи мутахасисони ҷавони ояндасози кишвар арзёбӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бунёди ҷомеаи мутамаддин дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз маънавиёт сарчашма мегирад. Фарҳангу маънавиёт дар асару маърӯзаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳастии миллат эътироф гашта, бо ҳидояти эшон ин нуқта моҳияти амали созандагиву бунёдкории ҷомеаро ташкил медиҳад. Дар ташкил ва тарғиби арзишҳои маънавӣ муассисаҳои таълимӣ, хоса мактабҳои олӣ мақоми шоиста доранд. Мактабҳои олӣ ҳамчун махзани илму маърифат дар тарбияи насли созандаву бунёдкор саҳми назаррас мегузоранд. Дар шароити имрӯза барои ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ будан масъалаҳои таҳсил, ахлоқу одоби ҳамида, донистани ҳуқуқ ва озодиҳои хеш, маърифату зиракии сиёсӣ, эҳтироми арзишҳои волои миллӣ, омӯзиши забони модариву хориҷӣ ва касбу ҳунарҳои замонавӣ аҳамияти калидӣ пайдо менамояд. Бо дарназардошти ин Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Раиси шаҳр гуфт, ки хусусан, дар шароити имрӯзаи рушди босуръати илм ва техникаву технология ҳар як давлат нерӯи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тақвияти соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад. Омӯзиш ва татбиқи донишҳои наву замонавӣ шарти асосии пешрафт ва рушди пайгиронаи ҷомеа ба ҳисоб меравад.  Замони мо - замони таҳаввулоти бузурги илму техника, замони ҳамкориву ҳамгироии кишварҳову минтақаҳост. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ имрӯз баробари  истиқбол аз андешаҳои пешқадам ва таҷрибаҳои судманди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳи фароҳам овардани фазои эътимод, ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди илмиву фарҳангӣ бо ҷаҳони муосир пеш меравад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар партави дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоиди зисту таҳсил, ғамхорӣ дар ҳаққи донишҷӯён корҳои зиёдеро роҳандозӣ мекунад. Туфайли ташкили чунин мулоқот роҳбарияти шаҳр тасмим гирифтааст, ки бо шароити зисту таҳсили донишҷӯёни хуҷандӣ аз наздик ошно шавад, ба ҳалли мушкилоти таҳсилу рӯзгори онҳо мусоидат намояд.Бояд гуфт, ки мулоқоти имрӯза аз зумраи силсила-чорабиниҳои амалинамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳсуб мешавад, ки солиёни охир рӯи кор омадаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои донишҷӯёни фаъолу аълохони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳр ҳар сол стипендияи Президентӣ, Раиси вилоят ва Раиси шаҳр супорида мешаванд. Аз ҷумла соли гузашта 6 -нафар донишҷӯён ба дарёфти стипендияи Президентӣ, 50- нафар соҳиби  стипендияи Раиси вилоят ва 100 – нафар ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр мушарраф гардиданд, бисёре аз донишандӯзон бо ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз шуданд. Шоистаи ифтихор аст, ки зиёда аз 590-нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳрамон имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии киш-варҳои Федератсияи Россия, Хитой, Малайзия, Олмон, Англия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра таҳсили илм доранд.        Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд изҳори умедворӣ намуд, ки дар ояндаи наздик ҷавонони баору номус донишгоҳҳоро хатм намуда, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ба меҳнати пурмаҳсул ба нафъи ҷамъият машғул мешаванд. Соҳибмаълумоту некирода ворисони арзандаи ин давлату миллат гардида, барои ободии сарзамини аҷдодии хеш беш аз пеш сайъу талош варзанд.

Сипас, донишҷӯён доир ба паҳлӯҳои зисту таҳсили хеш ба Раиси шаҳри Хуҷанд саволу пешниҳодоти хешро муроот намуданд. Мулоқот дар фази озоду ошкоро баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба иштирокдорони мулоқот Сипоснома ва маблағҳои пулӣ тақдим намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд