(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ёдбуд ба ифтихори 100 солагии Усмон ҚосимовДар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд маҳфили ёдбуд ба ифтихори 100 солагии Арбоби намоёни давлатию ҷамъиятӣ Усмон Қосимов бо иштироки ҳамкорон, шогирдон ва пайвандон баргузор гардид.

Рустам Раҳматзода, муовини аввали Раиси вилояти Суғд маҳфилро оғоз бахшида иттилоъ дод, ки Усмон Қосимов аз чеҳраҳои мондагор ва шахсияти барҷастаи қарни ХХ буда, ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии худро ба бунёдкорӣ ва ободии диёр бахшидааст. Зиндагиномаи ӯ намунаи барҷастаи хизмат ба халқу Ватан ва дарси ибрати тамоми наслҳои минбаъда аст. Маҳз аз ин хотир маҳфили мазкур дар заминаи Қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараён мегирад.

Сипас, Баҳриддин Аҳмадов, Ходими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хотироти неки худ бо Усмон Қосимов ёдоварӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки «23 декабри соли 1970 бо Қарори Президуми Совети Олии РСС Тоҷикистон вилояти Ленинобод таҷдид ва бо қарори КМ ҲК  оид ба вилояти Ленинобод бо сарварии Рифъат Ҳоҷиев бюрои ташкилӣ ва бо Қарори Президуми Совети Олии Тоҷикистон комитети ташкили оид ба вилояти Ленинобод бо роҳбарии Усмон Қосимов ташкил гардид. Дар он давра таҳти роҳбарии Рифъат Ҳоҷиев ва Усмон Қосимов аз рӯзи нахустини фаъолият ҳадафи асосии хешро дар самти рушди иқтисодиёт ва соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, инчунин тарбияи ҷомеа мутобиқ ба талаботи замон муайян карда буданд. Асосгузор ва бундёкори аслии бинои имрӯзаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Усмон Қосимов буд. Бузургии ин марди хирадманд дар он зоҳр мешуд, ки ӯ хирадманд ва дар кору  фаъолият ҳамеша эҷодкор буд. Усмон Қосимов ба мансаби баланди давлатӣ бо меҳнати ҳалолу покизаи худ, заҳматҳои шабонарӯзӣ, садоқат ба халқу Ватан, қобилияти баланди ташкилотчигию кордонию, дониши комил, дили пурҳарорату нияти покаш ноил гардид.

Аз паҳлуҳои саҳифаҳои дигари зиндагиномаи ибратбахши Усмон Қосимов ҳамчунин раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, собиқадорони меҳнат Бобораҷаб Бобоев, Зафар Қосимов профессор Усмонҷон Ғаффоров нақлҳо намуданд.

Қобилҷон Усмонов, фарзанди  Усмон Қосимов аз таваҷҷуҳ ва ташкили чунин маҳфили ёдбуд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоссатан ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки пайвандон баҳри идома бахшидани кору фаъолияти падарашон дар ободии сарзамини аҷдодии хеш суботкорона мехнат хоҳанд кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд