(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон рӯзҳои 12-13 майи соли равон дар назди Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор мегардад.

Дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба нархҳои бозор арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ соати 8-00 оғоз меёбад.

Марҳамат ба ярмарка!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд