(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Спартакиада дар факултети №4-и Академияи ВКДДар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон спартакиадаи варзишӣ байни ҳайати кормандон, шунавандагон ва курсантони ин муассисаи таълимӣ бахшида ба соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи намудҳои варзишӣ футбол, волейбол, кашидани вазн, давидан ба басофаи 100м шашка, шоҳмот ва бандкашӣ спартакиада баргузор ва натиҷагирӣ карда шуд.

Дар мусобиқаи футбол ҷои якумро  дастаи «Курсантони курси 4», дар намуди волейбол мақоми аввалро дастаи «Курсантони курси 1» ба даст оварданд.

Курсанти курси 1 Эҳром  Зулқайнаров  дар намуди «Кашидани вазн» дастболо шуда, ба марра дар масофаи 100 метр аввалин шуда Самандар Бекбобоев,  курсанти курси 3 омада расид.

Дар даври ниҳоии бандкашӣ дастаи «Курсантони курси 4» ғолиб шуданд. Дар намудҳои шашкаву шоҳмот байни кормандон  Обид Хоҷазода, байни курсатон Атоалӣ Иззатов ва Амонилло Зоиров беҳтаринҳо дониста шуданд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия П. Носуриён ба ѓолибони спартакиадаи мазкур ҷом, диплом, ифтихорнома, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Зикр гардид, ки ҳадафи ташкили чунин мусобиқот ин пеш аз ҳама  тарғибу ташвиқи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии ҳайати кормандон, шунавандагон ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд