(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили бошукӯҳи 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри ХуҷандСубҳи имрӯз дар назди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 воқеъ дар минтақаи бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 60 нафар иштирокчиёни ҶБВ ва мардуми зиёд 73-юмин  солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба мутантан таҷлил карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва дигар шахсони расмӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои абармардони майдони набард дар ин ҷанги мудҳиш ба пояи Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 гулчанбар гузошт.

Роҳбари вилоят дар назди иштирокдорони тантанаи идона баромад карда аз ҷумла таъкид дошт, ки « Бо ишора ба ҷоннисориҳои зидди истилогарони фашистӣ, корномаи дар ақибгоҳ анҷомдода ва арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои фарзандони сарбаланди тоҷик дар солҳои ҷанг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд: «Мо имрӯз ба хотири арҷгузорӣ ба азму ирода ва ҷасорату мардонагии фарзандони ҷонфидои халқи худ, ки баҳри ҳифзи Ватан ба ҷабҳаи набардҳои шадид рафта буданд ва ба кору пайкори онҳое, ки бо заҳматҳои сангини хеш дар ақибгоҳ дар таъмини ғалаба саҳмгузор гардидаанд, сари таъзим фуруд меорем». Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ин набардҳо ҳазорон фарзандони кишвари мо иштирок намуда, шуҷоату далерии онҳо барои наслҳои минбаъда чун дарси ибрату мардонагӣ, фидокориву ҷасорат, муттаҳидӣ ва шикастнопазирии халқҳо боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз, таҷлили Рӯзи Ғалаба нишони арҷгузориву қадрдонӣ ба шуҷоату мардонагии фарзандони халқу кишварҳои гуногун мебошад, ки ба муқобили душмани ғаддор аҳлона мубориза бурда, зафар ёфтанд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисориҳои фарзандони диловари Ватан ҳамеша дар қалбҳои мо маскан гирифта, бояд дар замири насли ояндасоз эҳсоси гарми ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро тақвият бахшад. Бахусус, дар шароити ташаннуҷи авзои сиёсии ҷаҳон, ки қувваҳои ҷудоихоҳ бо истифода аз равишҳои мухталиф оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳониро халалдор сохтанӣ мешаванд, масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти хоса пайдо карда, аз ҳар шахси ватандӯст дар ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият масъулияти бештарро тақозо менамояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат, ба табобату истироҳат фаро гирифтан, аёдат ва ғамхории ҳамешагӣ зоҳир кардан дар ҳаққи онҳоро, ки намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва ибрати наслҳои ҷавони миллат ҳастанд, аз вазифаҳои муҳими худ меҳисобад.

Сипас, гузашти низомии аскарону афсарони Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Баъдан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи саломатии иштирокчиёни ҶБВ ва заҳматкашони ақибгоҳ пурсон гардида, ба онҳо саломатии бардавом, хонаи ободу хотири ҷамъ таманно намуд.

Дар доираи чорабинии мазкур ҳамзамон қабули расмии собиқадорони ҷангу меҳнат аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар тарабхонаи «Азизон» баргузор гардид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки фазои пуршукӯҳи 73-юмин солгарди Рӯзи Ғаалаб дар дигар минтақаҳои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла майдонҳои нимпайкараи Домулло Азизов (микроноҳияи 32), Боғи Ғалаба (маҳаллаи 18) , муҷассамаи «Зан-модар» дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ (воқеъ дар назди корхонаи саноатии «Текстил-Сити», муҷасаммаи шаҳидони ҶБВ (назди факултети тарбияи ҷисмонии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ва майдони «Ситораҳои Хуҷанд» фароҳам оварда шуда, сокинони шаҳр бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба хидматҳои шаҳидони ҶБВ бар пояи ин лавҳаҳо  гулу  гулчанбарҳо гузоштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд