(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шанбегӣ ба муносибати Рӯзи ҒалабаБо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф муҳассилини МТМУ №6 ва №2-и шаҳри Хуҷанд ба шанбегии умумишаҳрӣ баромада, барои ободии шаҳр саҳмгузорӣ намуданд. Ҳамзамон корҳои омодагӣ баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни Рӯзи Ғалаба дар назди Муҷассамаи шаҳидони ҶБВ ҷараёни тоза касб намудааст.

Ҳашарчиён ҳудуд, роҳрав, низоми обпарто ва гулгашту чаманзорҳои куча ва хиёбонҳои шаҳрро рубучин карда, хасу хошок ва гилу партовҳои дигарро ҷамъоварӣ намуданд. Инчунин иштирокдорони ин тадбири оммавӣ баҳри нашъунамои хуб бехи ниҳолу дарахтон ва гулу буттаҳои ороишии майдони Муҷассамаи шаҳидони Ҷанги бузурги Ватаниро нарм карданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Ху
ҷанд