(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Гулпӯшу гулбасар бош, Хуҷанди азиз!Имрӯзҳо дар қаламрави кишвар баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад. Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, № 968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 марти соли 2018, № 89 «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 9 апрели соли 2018, № 179 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гаштааст. Гулпӯшу гулбасар бош, Хуҷанди азиз! Баробари ба тасвиб расидани фармону қарорҳои дар боло зикршуда, тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳри бостонии Хуҷанд нақша –чорабиниҳо тартиб доданд ва фаъолияти худро дар асоси он ба роҳ монданд. Дар як фосилаи кӯтоҳ шаҳрамон ба макони зебову биҳиштосо табдил ёфта, дили ҳар бинандаро тасхир кард. Ҳар сокину меҳмони шаҳр ба кӯчаю хиёбонҳо қадам зада, аз манзараҳои дилрабою гулҳои рангоранг ҳаловат мебарад ва ба ободгарону сабзкорони он аҳсант мехонад. Албатта, чунин зебоофариву гулафшон гаштани мавзеъҳои шаҳр ба шарофати меҳнати шабонарӯзии кормандони КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд» ҷараён гирифта, дар пайравии онҳо дар ин самт кормандони соҳаҳои мухталиф, толибилмону донишҷӯёни мактабҳои оливу миёнаи касбӣ, варзишгарону фаъолони маҳаллаҳо саҳм мегузоранд. Ҳар рӯзи шанбе ҳашари дастаҷамъии шаҳрвандонро дар ҳудуди коргоҳу манзили зисти сокинон дидан мумкин аст. Онҳо баробари побел кардани майдонҳои ҳудуди идораю ташкилот ва муассисаи худ ба он гулҳои рангорангу буттаҳои ҳамешасабз ва дарахтони ороишӣ шинондаанд. Шохи хушкидаи дарахтонро ба тартиб дароварда, танашро барои муҳофизат аз ҳашаротҳо сафед кардаанд. Ин ҳама фидокориҳо аз ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва ифтихор аз ватандории шаҳрвандон шаҳодат медиҳад.

Кормандони КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд» ҳамчун масъули тозаву озода ва хурраму зебогардонии шаҳр аз оғози мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзкорию ободонӣ корҳои басо назаррасро ба сомон расониданд.

- Ба кӯчаю хиёбонҳои маркази вилояти Суғд 259768 дона гули ороишӣ, 303 бех ниҳоли санавбар, 170 бех булут, 60 бех бирючина, 170 бех каштан, 6 дона юкка ва 106 адад дрони испанӣ шинонда шуд. Миқдори гулдонҳои дар мавзеъҳои шаҳр гузошташуда 346 адад мебошад, - гуфт, муҳандиси пешбари шӯъбаи истеҳсолӣ- техникии КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд» Исмоилҷон Зоидов ва илова намуд, ки гулҳои рангоранги шаҳр дар гармхонаи Корхонаи давлатии коммуналии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварии шаҳри Хуҷанд» парвариш гардида, сипас, дар майдонҳо шинонда шудааст. Сарвари корхонаи номбаршуда Шӯҳрат Раҳимбоев кӯшид, ки гулҳои мавсимии ороишӣ, амсоли питуния, тагетес, марҷонгул, тоҷи хурӯс, катарантус дар мӯҳлати муайяншуда ба кӯчат омода шавад. Заҳматҳои кормандони корхонаи гулпарварӣ натиҷаи мусбӣ ба бор овард ва арафаи Наврӯзи оламафрӯз шаҳрамон ба баҳористон табдил ёфт.

Албатта, гулҳои дар мавзеи шаҳр шинондашуда, нигоҳубини махсусро талаб мекунад. Барои дар ҳолати нашъунамо нигоҳ доштани гулҳо меъёрҳои муқарраршуда риоя гардида, таги гулу буттаҳо нарм ва об дода шавад. Ин аз масъулиятшиносиву ташкили кори аграномҳои муассиса Турсунбой Турсунов, Сидиқбой Юлдошев, Шӯҳрат Юсуфов, Мирзоумар Аҳмадов вобастагӣ дорад. Онҳо бо кӯмаки обмонҳову гулшинонҳо сари вақт гулҳоро мешинонанду алафҳои бегонаро ҳишова менамоянд.

Мо дар майдони назди ҳайкали Камоли Хуҷандӣ ва Ситораҳои Хуҷанд гурӯҳи бонувонро дидем, ки машғули кор буданд. Анора Узоқова, Мукаррама Эгамқулова, Маҳбуба Исматова ва Шарофат Фозилова замини бехи гулҳоро каланд мекарданду Бишарофат Сангинова, Ҳурбибӣ Тӯрақулова ва Хайрӣ Тоҷибоева майдони гулпӯшро аз алафҳои бегона тоза менамуданд. Гулсуной Қодирова ва Дилбар Раҳмонова ба ҷойи холимондаи майдон карнайгул мешинониданд. Обмонҳо Иномҷон Рустамов ва Рӯзибой Ҷӯраев ба буттаю гулҳои навруста об медоданд. Гулҳои навшукуфтаи садбарг бо накҳати тозаю бӯйҳои муаттараш ба машом мерасид.

Имрӯзҳо кормандони КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд» ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ омодагӣ доранд. Ба ин муносибат ҳамворкунии заминҳои хиёбони Истиқлолияти маҳаллаи 18-ум то муассиса барои хонандагони болаёқати маҳаллаи 8-ум ба итмом расида, дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд. Ин иқдом то Минтақаи озоди иқтисодии маҳаллаи 3-юм идома хоҳад ёфт. Албатта, ба замини ҳамворгашта, гулҳои баҳорию буттаҳои сарсабз хоҳанд шинонд.

Аз ҷониби КВДК «Хуҷандобуканал» дар майдонҳои хиёбони Истиқлолият, кӯчаҳои Раҳим Ҷалил, Сирдарё то хамгашти мавзеи Ором қубурҳо насб гардида, бо усули қатрагӣ ба дарахтон ва гулу буттаҳо об монда мешавад. Обёри ин мавзеъҳо таҳти назорати корхонаи мазкур қарор дорад.

Бигзор ғайрату ҳимматбаландӣ ҳамеша насиби кормандони КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии коммуналии шаҳри Хуҷанд» бошад ва хиёбону кӯчаҳои Хуҷанди бостонӣ ҳамеша гулфишону сарсабз ва хурраму дилрабо бимонад.

Монаднисои ҚУРБОН