(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Зардӯзу қуроқдӯзу бофанда роҳхат гирифтандДар чойхонаи «Мавҷи дарё»-и шаҳри Хуҷанд байни маҳаллаҳои «Сирдарё», «Сайҳун», «Бофанда» ва  «Суғдиён» даври аввали озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» баргузор гардид. Ҳунармандони маҳаллаҳои номбурда маҳсули ҳунару эҷоди хешро ба ҳайати ҳакамот муаррифӣ намуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории доварон ғолибони озмун муайян гардиданд. Ҳамин тавр, аз рӯи шарти «Барои муаррифии ҳунарманди беҳтарин» Марҳабо Аминова, зардӯз аз маҳаллаи «Сирдарё», дар номиннатсияи «Барои намоиши беҳтарин ҳунар» Шаҳодат Орипова, қуроқдӯз ва мӯҳрабоф аз маҳаллаи «Суғдиён», дар бахши «Барои беҳтарин ҳунармандоне, ки бисёр шогирд тайёр кардаанд» Абдураҳмон Ҷабборов,  бофанда аз маҳаллаи «Сайҳун» ва аз рӯйи шарти «Барои беҳтарин оилаи ҳунарманд» Мафтуна Пӯлотова ва Машҳура Ҳомидова, гулдӯз, сӯзанидӯз, мӯҳрабоф, армуғонсоз аз маҳаллаи «Бофанда»  ғолиб дониста шуда, ба даври  ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ҳадафи эҳё, ҳифз, тараққӣ додан, рушди мероси фарҳангӣ, санъати  ҳунармандӣ,  тамаддун ва мероси миллӣ  ва ба ин васила мусоидат намудан ба раванди эҷодиёти халқ ташкил ва гузаронида шуда истодааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд