(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кодекси одоби хизматчии давлатӣ шарҳ дода шудДар толори хурди маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллии ватандӯстӣ, фарҳанги муошират, риояи либоси протоколӣ ва риояи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси навбатии курсҳои омӯзишӣ бо иштироки хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд.

Дар курси омӯзишӣ сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қадриддин Сулаймонов дар мавзӯъи «Шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ» дарс гузашт.

Қадриддин Сулаймонов зимни маърӯзаи хеш, аз ҷумла қайд кард ки Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқии  фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ мебошанд, танзим менамояд.

Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки дар Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳо аз қабили садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, шаффофият дар хизмати давлатӣ, таҳаммулпазирӣ, поквиҷдонӣ ва беғаразӣ шарҳу тавзеҳи худро ёфтааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд