(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Машқи пагоҳирӯзӣ ва Фестивали «Варзиши дастрас»Субҳи имрӯз бо ҷалби беш аз 1000 нафар дар мавзеъҳои маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол»  машқи пагоҳирӯзӣ ва  дар боғи ба номи Камоли Хуҷандии шаҳр фестивали ҷумҳуриявии  шашка, шоҳмот ва тениси рӯйи миз  таҳти шиори «Варзиши дастрас» ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур хонандагону донишҷӯён, кормандони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, идораву ташкилотҳои шаҳрӣ ҷалб карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки ин ибтикорот бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони  ҷавонони кишвар (23 майи соли 2013) ироа гардида буд, роҳандозӣ мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд