(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Мулоқоти Раиси вилоят бо аҳли зиёДар толори театри давлатии мазҳака-мусиқавии Камоли Хуҷандӣ мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо аҳли зиё баргузор гардид. Мулоқоти мазкур бахшида ба 140-солагии зодрӯзи поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ сурат гирифт.

Дар мулоқот андешаҳои таҳлилии Роҳбари вилоят оид ба масоили муҳими муҳити маънавӣ баён карда шуд. Аз ҷумла, кам таълиф шудани асарҳои насрӣ, рушд наёфтани жанрҳои драмматургӣ ва ҳикоя, коста гардидани мазмуну муҳтавои бархе барномаҳои телевизионӣ, пур аз ғалат пахш гардидани рекламаву сатрҳои равон дар телевизионҳо ва ғайраҳо мавриди интиқод қарор дода шуд. Ба олимон дастур дода шуд, ки ҷиҳати эҳё ва муаррифии ҳунарҳои миллӣ роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи санъату анъанаҳои миллӣ тадқиқотӣ илмӣ анҷом диҳанд.

Таъкид гардид, баҳри шоиста истиқбол намудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар қаламрави вилоят силсилаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараёни тоза касб намудааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд соли ҷорӣ ба эҳёи «Қалъаи Хуҷанд», таҷдиду азнавсозии меҳмонхонаи «Ленинобод», таъмири Маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ ва ғайраҳо суръати тоза бахшида шуд.

Сипас Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба якчанд зиёиёни фаъол Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мукофотҳои пулиро тақдим дошт.

Дар мулоқот намояндагони соҳаҳои илму фарҳанг ва маънавиёт, аз ҷумла Аҳмадҷони Раҳматзод - раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Мӯъмин Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Fафурҷон Ҷўраев - раиси Шўрои вилоятии Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон, Сайрам Исоева - Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осими Орифпур - муовини директори Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ва дигарон баромад намуда, фикру андешаҳо ва таклифу пешниҳодҳои судманди хешро ҷиҳати рушди муҳити маънавии вилоят иброз доштанд.

Барномаи фарҳангии аҳли санъат табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳр Хуҷанд