(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Муҳофизони имрӯзу фардои ТоҷикистонДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи якчояи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Ташкилотии ҷамъияти «Сипари Сулҳ» ва Иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсиалисти шаҳр, ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва иҷрои қарори Раиси вилоят «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016 – 2018 дар вилояти Суғд» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз «Дар бораи нақшаи чорабиниҳои рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2016 - 2018», бо мақсади зиёд намудани сафи ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонон синни тодаъватӣ, баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстию ватанпарастии онҳо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бо иштироки наздик 200 нафар ҷавонон мулоқоти судбанд таҳти унвони «Мо муҳофизони имрӯзу фардои Тоҷикистон» баргузор гардид.

Нишастро мудири бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ифтитоҳ намуда, баргузории онро дар шароити имрӯзаи таҳаввулоти ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур Фирдавс Салимов мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Исмоил Шерматов ҷанговарони интернатсиалисти Афғонистон Яздон Маллаев ҳимоятгари сохти Конститутсонӣ ва Исмоил Ҷабборов сарбози қисми ҳарбии 3501 Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, барои хизмат ба Ватан, худшиносиву худогоҳӣ, мардонагию матонат, ору номуси миллӣ андешаронӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки баҳри ҳимояи сарзамини Ватан ҳамеша омода бошанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд