(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Дунёи маърифат» рӯзгори Наимахон Мӯъминоваро баррасӣ кардДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд нахустин маҳфили «Дунёи маърифат» баргузор шуд, ки он ба 60 солагии фаъолияти омӯзгории «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Наимахон Мӯъминова бахшида шуд.

Назира Ғаффорӣ муовини Раиси вилояти Суғд фаъолияти  Наимахон Мӯъминоваро барои аҳли маорифи шаҳр ибратбахш хонда, аз ҷумла таъкид кард, муаллима дар рушди соҳаи маориф, тарбияву ба камол расонидани садҳо нафар шогирдон саҳми арзанда гузоштаанд.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз саҳифаҳои ибратбахши Наимахон Мӯъминова ба аҳли нишаст ёдоварӣ намуда, аз зикр намуд, ки фаъолияти омӯзандаашон пур аз панду ҳикмат буда, барои насли наврас ҳамчун идеали воқеъӣ таҷассум мегардад. Фаъолияти пешқадами омӯзгории Наимахон Мамадҷоновнаро ба назар гирифта, ҳукумати вақт мавсуфро дар мактаби захираи кадрҳои роҳбарикунанда тарбия намуда, ҳанӯз соли 1976 сарвари мактаби ҳаштсолаи  №2 таъин намуда буданд.

alt Дар давоми сарварии муаллима  мактаб хеле обод шуда, утоқи таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, ҳамчунин ошхона ба тариқи ҳашар сохта ва ба истифода дода мешавад. Сипас, аз соли 1978 то 1982 дар мактаби миёнаи №3 сарварӣ намуда,  дар баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи хонандагон нақши муосир гузошта, сазовори байрақи сайёри шуъбаи маорифи шаҳр гаштанд. Ҳамзамон дар «Тахтаи фахрии шаҳрӣ» номи мактаб ҳамчун ғолиби мусобиқа сабт мегардад.

altТаъкид гардид, ки соли 1982   Наимахон Мамадҷоновнаро мудири шуъбаи  маорифи шаҳри Хуҷанд таъин менамоянд. Мавсуф дар баробари таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъулият пеш аз ҳама масъалаи кадрҳои шуъбаи маорифро дида мебароянд ва шахсони кордону педагогҳои бомаҳоратро ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ менамоянд, ки кадрҳои болаёқати интихобнамуда-ашон баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ҷоннок намудани кору фаъолияти мактабҳо саҳми арзанда мегузоранд. Дар шаҳр барои ҳамаи фанҳо мактабҳои такягоҳӣ ташкил карда мешаванд. Баъд аз ду соли фаъолияти кории муаллима дар шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд натиҷаҳои кор назаррас шуда, шуъба дар мусобиқаи байни идораҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз рӯйи натиҷагирӣ ва омодагии мактабҳо ба соли хониши 1983-1984 ба гирифтани байрақи сайёри Совети вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1988 байрақи сайёри Вазорати маорифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон сазовор мегардад.

Раиси шаҳр гуфт, ки зиёда аз садҳо нафар шогирдони муаллима аз пайи он кас  рафта, аксари онҳо ҳамчун омӯзгор ва директор дар мактабҳои шаҳр фаъолият мебаранд.   Наима Мӯъминова дар тарбия ва ҷобаҷогузории шогирдон, тарғибу усулҳои нави таълим, коркарди барномаҳои таълимӣ, ҳам-корӣ бо донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва бо кумитаи падару модарон хизмати арзанда намудаанд.Муаллима барои хизматҳои шоёнашон дар соҳаи маориф бо медали «Барои меҳнати шоён», Ифтихорномаҳои ҳукумати вилояту шаҳр, аз соли 1986 бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медал бахшида ба 20-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадр карда шудаанд. Обрӯю эътибори устоди муҳтарам, омӯзгори асил, тарбиятгари садҳо омӯзгорон дар байни маорифчиён ва ҷомеа аз меҳнати ҳалол, до-ниши баланд, рафтору гуфтори нек ва педагоги асил буданашон мебошад.

Сипас, сардори Идораи маорифи вилоят Осим Каримзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Ҷалилов ва шогирдон дар бораи хидматҳои Наимахон Мӯъминова дар рушди маорифи шаҳри Хуҷанд андешаҳои хешро баён доштанд.

Дар анҷоми чорабинӣ шеъру таронаҳои шогирдон ба маҳфил ҳусни дигар зам намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд