(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Майдончаи нави футбол ба истифода дода мешавадДар шаҳри Хуҷанд боз як майдончаи футболи навъи пӯшида бо усули муосир бунёд шуда истодааст. Ин майдончаи футбол дар лаби дарёи Сир, шафати варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолият» воқеъ буда,  бо фарогирии 177 ҷойи нишаст, бо утоқҳои ивази либос, оббозӣ ва тамрин сохта мешавад.

Фармоишгари майдончаи футбол Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, лоиҳакаш «Суғдшаҳрофар» ва корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ташкилоти сохтмонии «Хуҷандсохтмон 1» ба анҷом расонида мешавад.

Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик онро ба истифода диҳанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд