(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Арғамчинбофу сӯзанидӯз ва қӯроқдӯз ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтандТавре иттилоъ дода будем, бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо мақсади эҳё, ҳифз, тараққӣ додан, рушди мероси фарҳангӣ, санъати ҳунармандӣ, тамаддун ва мероси миллӣ  ва ба ин васила мусоидат намудан ба раванди эҷодиёти халқ дар 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд даври аввали озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» ҷараён дорад.

Ин навбат озмуни мазкур дар қаҳвахонаи «Себарга»-и шаҳр байни маҳаллаҳои «Навбаҳор», «Дўстии халқҳо» ва «Чашмаи Арзана» баргузор гардид.

Озмун  аз рўи чор шарт доир гардида, дар он  12 нафар ҳунармандони маҳаллаҳои номбурда  иштирок намуданд.

Аз рӯйи баҳои доварони озмун дар бахши «Муаррифии ҳунарманди беҳтарин» Муҳаббат Неъматҷонова, сўзанидўз аз маҳаллаи «Навбаҳор», дар номиннатсияи «Барои намоиши беҳтарин ҳунар» Ҳурматой Ризоева, қуроқдўз аз маҳаллаи «Дўстии халқҳо», дар бахши «Беҳтарин ҳунармандоне, ки шогирди зиёд доранд», Марҳамат Дадобоева, йўрмадўз аз маҳаллаи «Чашмаи Арзана»  ва дар номиннатсияи «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» Раъно Охунова,  арғамчинбоф аз маҳаллаи  «Чашмаи Арзана»  беҳтаринҳо арзёбӣ гардида, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд