(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Варзишгарон ба ҳашари умумишаҳрӣ баромадандДар чаҳорчӯбаи эълон гардидани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  дар шаҳри Хуҷанд силсилаи зиёди корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атроф анҷом дода шуда истодааст.

Субҳи имрӯз зиёда аз 150 нафар варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди Маҷмааи варзишии «20 солагии Истиқлолият» шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида, ҳудуд, роҳрав,  атрофии майдончаҳои варзиширо рубучин карда, хасу хошок ва гилу партовҳои дигарро ҷамъоварӣ намуданд. Зиёда аз 5 мошини боркашон партоф аз ҳудуди маҷмаъаи варзишӣ бароварда шуд.

Тадбири ободонӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри шаҳри Хуҷанд барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар идҳои дар пешистода ташкил гардид.

Ҳамзамон, субҳи имрӯз аз ҷониби варзишгарон шаҳр дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт машқӣ пагоҳирӯзӣ ва силсилаи зиёди мусобиқаҳо ташкил ва гузаронида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд