(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маҳфил бо иштироки рӯзноманигори шинохтаБахшида ба ҳаёти ибратбахши публитсисти шинохта, собиқадори матбуот, нависанда, барандаи Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ Равшан Замир (Мирзоғанӣ Валиев) дар якчанд мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯриҳо баргузор гардида истодааст. Дирӯз чунин тадбир дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №31-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он нависандагон, рӯзноманигорон ва омӯзгорону хонандагони дабистон иштирок доштанд.

Дар чорабинӣ хонандагони мактаб шеъру таронаҳо қироат намуда, порчаҳо аз ҳикояҳои ӯ хонда саҳнаҳои ҷолибро аз рӯи ҳикояҳояш «Танҳоӣ» ва «Умедворӣ» намоиш доданд.

Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Шуълаи умед» Мирзоаъзам Мақсудов, намояндаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» Ҷовиди Аштӣ ва намояндаи маҷаллаи «Паёми Суғд» Матлубаи Ёрмирзо устодро ба санаи мубораки баҳори умраш табрик намуданд, Таъкид гардид, ки новелла, ҳикоя ва таронаҳои Равшан Замир дар китобҳои «Ашки осмон», «Сирре, ки ба хок мебаранд ҳар ду», «Мағзи ҷон» ва «Чашми бад» гирд омадаанд. Повести ӯ «Парӣ дар киштичаи гул» дар байни наврасону ҷавонон маҳбубият пайдо кардааст.

Мирзоғанӣ Валиев публисисти шинохта мебошад. Иштироки адиб дар таҳияи китобҳои «Дарвозаи тиллоӣ», «Тоҷикистон нурборон мешавад» ва «Ҷавлонгоҳи номварон» ва «Иҷлосияи тақдирсоз» нерӯи қалами ӯро дар ҷанбаи зеҳнӣ нишон доданд.

Равшан Замир узви Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқҳои журналистӣ ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Дорандаи нишони Иттифоқи нависандагони кишвар «Сухан» ва Ҷоизаи адабии вилоят ба номи Раҳим Ҷалил аст.

Дар охир адиб бо арзи сипос аз ташкилкунандагони чорабинӣ чанд асари тозаэҷоди худро ба китобхонаи мактаб тӯҳфа кард.

Бояд зикр намуд, ки Мирзоғанӣ Валиев (Равшан Замир), 23 январи соли 1948 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (имрӯза ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна, соли 1966 ба факултети фанҳои табиии Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров дохил шуда, онро сарбаландона хатм намуд.

Номбурда солҳои тулонӣ дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ҳозира «Ҳақиқати Суғд», хабарнигори рӯзномаи ҷумҳуриявии «Комсомоли Тоҷикистон» дар вилояти Ленинобод, кумитаи телевизион ва радиои комиҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Ленинобод дар вазифаҳои муҳаррир, муҳаррири калон, сармуҳаррир ва дар рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» ифои вазифа намуд. Баъди чанд соли фаъолияти корӣ ӯро ба шуъбаи матбуоти Ҳукумати вилоят, ки нав таъсис ёфта буд, ба сифати мутахассиси пешбар ба кор ҷалб намуданд. ӯ аз рӯи вазифа дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошт. Баъдан дар вазифаи сардори Маркази матбуоти Ҳукумати вилоят ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоят кор кардааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд