(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Изҳороти Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби Паймони азизон»-и шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстримистӣ – террористии ҲНИТ ва дигаргурӯҳҳои ифротгаро.

Таърихи башарият гувоҳи мисолҳои бешумори бо роҳи зӯрӣ ва таҳдид ғасб намудани ҳокимияти сиёсӣ дар давлат мебошад. Аҷоиб он аст, ки раванди таърих на танҳо гувоҳ аст, балки исботи онро дорад, ки зӯран ғасб намудани ҳокимияти сиёсӣ дар ҷомеа ба муроду мақсад ҳеҷ гоҳ намеоварад, вале кӯшишҳои ин раванди номатлуб дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеа то имрӯз идома меёбанд, балки шаклҳои нав ба нав пайдо мекунанд.

Ифротгароӣ (эктремизм) ва терроризм як навъ зуҳуроти номатлубест, ки бар зидди он тамоми ҷомеаи ҷаҳон имрӯз муборизаи беамон мебарад ва аз ҳар як фарди солимақл пеш аз ҳама зиракии сиёсиро талаб мекунад.

Бо қарори махсуси Ассамблеяи Генералии СММ «Экстремизм ва терроризм ҳамчун зуҳуроти зидди ғояҳои гуманистӣ ва демократӣ дар ҷомеа» шинохта шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 Қонун «Дар бораи мубориза зидди эктремизм» қабул карда шудааст, ки ба ин амали ғайриқонунӣ дар ҷомеа баҳо дорда, навъҳои мубориза зидди ин равияи номатлубро муайян мекунад.

«Ифротгароӣ ин зуҳуротест, ки аз ҷониби ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ пеша карда шуда, он ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро поймол мекунад, зидди асосҳои сохтори конститусионӣ аст, ғасби ҳокимияти сиёсиро дар назар дорад ва ғояҳои наҷодпарастӣ, миллатчигӣ ва зидди иҷтимоиро дар ҷомеа ҷонибдорӣ менамояд» (Иқтибос аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Эктремизм ду навъ мешавад:

А) Экстремизми сиёсӣ – дар асоси ғояҳои зидди ҳокимияти сиёсӣ ва сохти конститусионӣ дар давлат ташаккул ёфтааст.

Б)  Экстремизми динӣ – дар асоси ғояҳои бартарии ин ё он таълимоти динӣ ташаккул меёбад.

Терроризм – ин навъи бо роҳи таҳидид ва зӯрӣ амалӣ гардонидани  ғояҳои экстремистӣ аст.

Терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, ҳарос мебошад.

Террор – зидди ҳаёти осоиштаи ҷомеа равон карда шуда, мақсади бо роҳи таҳдид соҳибият пайдо намудан, ба мақсадҳои ғаразнок аст.

Аз ҳамин сабаб мубориза бо ҳизбу гуруҳҳои тундрав, аз ҷумла ташкилоти экстримистӣ – террористии ҲНИТ ва дигаргурӯҳҳои ифротгаро, ки ифротгароӣ ва терроризмро ҳамчун ҳадафи асосии худ дар муборизаву дасисаҳои сиёсӣ интихоб намудаанд, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ва давлат башумор меравад. Мо чунин ташкилотҳоро маҳкум менамоем!

Услуби асосии мубориза бо ин зуҳуротҳои номатлуб дар ҷомеа бошад, ин дар раванди таълим ва тарбияи насли наврас зиракии сиёсиро ташаккул додан аст.

Ҷомеаи меҳнатии Муассисаи
таҳсилоти умумии ғайридавлатии
«Мактаби Паймони азизон»-и шаҳри Хуҷанд