(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Изҳороти Нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро.

Барои бунёд кардани давлати мустақил ва сазовор шудан ба истиқлолият ҳар миллату халқият муборизаҳои шадид мебаранд. Мусаллам аст,ки миллати тоҷик баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ барои мустақилият ба даст овардан ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки ҳазорҳо падару модарон бефарзанд беволидайн, ҳазорҳо зан бе шавҳар ва ҳазорҳо шаҳрвандон бехонаю дар монданд ва дар ин ҷо аъзо ва шарикони ҲНИТ даст доштанд, аз сар гузаронд. Баъди ин вазниниҳои зиндагӣ ва бо ивази хуни ҷони ҳазорҳо ҷавонмардон ба миллати тоҷик муяссар шуд, ки хушбахтона соҳиби давлати мустақил гардида, истиқлолияти худро ба даст овард.

Баъд аз талошҳои зиёд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои рӯ батараққӣ мубаддал гардида, дар ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили тероризму экстремизм, гардиши маводи мухаддир, норасоии оби ошомиданӣ ва дигар масъалаҳо бетараф набуда, пайваст дар ин роҳ ташаббусҳои назаррас нишон медиҳад.

Мутаассифона, баъзе гурӯҳҳо ва ташкилотҳое, ки ба монанди ҲНИТ ва ғайра пайдо шуданд, ки ҳамаи ин дастовардҳо ва пешравиҳои кишвари моро нодида гирифта, мехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосои моро боз ба ҳамон рӯзҳои шум ва тира баргардонанд. Воқеан, ин кирдорҳо аз тарафи ашхосе ба миён меоянд, ки раҳмгумзада ҳастанду дар дили онҳо нисбат ба Ватану модари хеш меҳр намондааст ва ба кадом сӯй рафтани худро намедонанд.

Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид карданд, ки “Ифротгароӣ ва ҳурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад”.

Ба касе пӯшида нест, ки мақсади асосии тероризм – ин ба миён овардани нооромиҳо, халалдор сохтани амнияти миллӣ, ба вуҷуд овардани тарсу воҳима миёни ҷомеа, паст кардани мақому манзалати мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси террорист чунин баҳо доданд: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Боиси ифтихор ва сабаландист, ки дар даврони Истиқлолият таъсисёбӣ ва ташаккули низоми муосири андози ҷумҳурӣ бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дошта, таҳти роҳнамои он кас ин соҳа рушду инкишоф ёфта, фаъолияти босамари худро амали намуда истодааст.

Кормандони мақомоти андоз низ узви ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, банақшагирӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳои огоҳонӣ дар байни кормандони худ дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм, мунтазам корҳои тарғиботӣ гузаронида мешавад. Кормандон бо дарки масъулият дар навбати худ терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, созандагиву бунёдкориҳоро барои пешбурди сиёсати давлату Ҳукумат ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамояд. Инчунин аз тарафи Нозироти андози шаҳр барои баланд гардидани сатҳи дониши ҳуқуқӣ-андозии аҳолӣ, аз худ намудани малакаи қонунӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи дахлдор ба роҳ мондааст.

Кормандони нозироти андози шаҳри Хуҷанд чун ҳарвақта барои иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат бо мақсади сулҳу субот саҳми босазои хешро мегузоранд.

Ҷомеаи меҳнатии
нозироти андози шаҳри Хуҷанд