(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Маъруф Муҳаммадзода бо 160 нафар ятимону бепарасторонДар доираи ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл таҳти унвони «Пешвои миллат-ғамхори ятимон» Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо 160 нафари ятимону бепарасторон мулоқот намуд.

Мирзоқосим Каримов, сардори Раёсат  ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд чорабиниро ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки ҳамоиши мазкур бо мақсади зери таваҷҷуҳу ғамхорӣ қарор додани ин қишри ҷомеа гузаронида мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки «Давлату Ҳукумати Тоҷикис-тон таҳти раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали истиқлолият ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолиро ҳамчун самти асосии сиёсати худ муайян намуда, дастгирии мунтазами ятимону бепарасторон ва фароҳам овардани шароити зарурии таҳсил ва кору фаъолиятро барои онҳо ҳадафи муҳимтарини худ қарор додаанд.

Зеро тибқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, ӯҳдадор шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фаро-ам оварад. Ва ин нукта дар Паёмҳои Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пайваста таъкид мегардад. Пешвои миллат  аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаи ниёзманди ҷомеа,  ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ унвон кардаанд ва  мунтазам масъулини мақомоти маҳаллӣ, корхонаву ташкилот ва шахсони дороро баҳри анҷоми кори хайру савоб ҳидоят менамоянд.

Маъруф Муҳаммадзода зикр намуд, ки таъкидҳои Роҳбари давлат доир ба масъалаи мактаб - интернатҳо ва мунтазам хабар гирифтан аз ҳолу аҳволи ятимон дар ҷомеа пуштибонии гарм пайдо карда, ин амали хайр имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст ва чорабинии имрӯза низ аз иқдомҳои навбатӣ дар ин самт арзёбӣ мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ин росто тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ин қишри ҷомеаро мунтазам аёдат ва парастиш менамояд. Алҳол дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии махсус-гардонидашудаи- табобатии «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд, кӯдакистон-мактаби мах-сус барои кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобинои шаҳр, муассисаи таҳсилоти томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №26-и кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ношунавои шаҳр, маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, мактаб интернати ёрирасон дар шаҳри Хуҷанд ва  хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмондаи шаҳри Хуҷанд фаъолият доранд, ки зери таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қарор гирифта, дар рӯзҳои иду айёмҳои давлатию суннатӣ бошандагони он аёдат ва ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Раиси шаҳр гуфт, ки марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шавад ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд. Дар ин рӯз ин қишри ҷомеа шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш сару либос, пойафзол, кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ ва дигар тӯҳфаҳои арзиш-мандро гирифтанд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода омодагии хешро ҷиҳати дастгирии доимии ин қишри ҷомеа изҳор дошта, аз ҷумла таъкид дошт, ки «Ҳар якеи мо вазифадорем бо меҳру муҳаббати хос ба нигоҳубину парасторӣ ва таълиму тарбияи ятимон, ки ин рисолати ниҳоят муҳим дар ҳифзи иҷтимоии ятимон арзёбӣ мегардад саҳмгузор бошем, то ҳар яки онҳо худро озод ҳис намуда, нерӯи зеҳниву ҷисмонии хешро барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва рушду ободии Ватани азизи худ сафарбар намоянд».

Сипас, Тоҷибой Султонӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд баромад намуда, ташкили чунин ҳамоишҳоро ба манфиати ҷомеа ва рушди давлатдорӣ унвон намуд. Зеро ин ҷавонони садоқатманди миллати тоҷик дар ояндаи кишвари маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд.

Сипас, аз ҷониби иштирокдорони мулоқот Мустафо Раҷабов, Ҷаннтой Нодирова, Азиза Маумарова, Миомуддин Рабиев саволу пешниҳодот манзур карда шуда, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд ҷавобҳои қанотбахш дарёфт намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл таҳти унвони «Пешвои миллат-ғамхори ятимон» аз Муассисаи давлатии маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» боздид ба амал оварданд.

Интизор меравад, ки бегоҳии имрӯз дар Боғи Камоли Хуҷандӣ барои иштиокдорон ҳамоиш  “Шоми ҷавонӣ” баргузор мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд