(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Озмуни «Ҳунарманди беҳтарин»-и маҳаллаҳои шаҳр оғоз гардидДирӯз дар Хона-музейи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд даври аввали озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» байни маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, ки бахшида ба соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, баргузор гардид.

Дар озмун 14 нафар ҳунармандони маҳаллаҳои «1-май», «Ҷаббор Расулов», «Содирхон Ҳофиз» ва «Сари баландӣ» иштирок карда, намунаи ҳунари хешро ба ҳайати ҳакамот пешкаш намуданд.

Ҳамин тавр, аз рӯйи натиҷаи даври аввали озмун қурокдӯз Каромат Ашӯрматова аз  маҳаллаи «Ҷаббор Расулов», дар номиннатсияи «Беҳтарин ҳунар», кешбоф Башорат Ваҳҳобова аз  маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» дар бахши «Беҳтарин муаррифӣ»,  аспоби мусиқисоз Абдуғаффор Абдусамадов аз маҳаллаи «1 май» дар номиннатсияи  «Оилаи ҳунарманд»,  кулолгар Ғаниҷон Зокиров аз  маҳаллаи «Сари баландӣ» дар бахши «Беҳтарин устод» ғолиб дониста шуда, ба даври шаҳрии озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» роҳхат гирифтанд.

Муяссар Сангинова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузории чунин озмунро бо мақсади таъмини рушди устувории ҳунарҳои мардумӣ, эҳё, ҳифз, рушди мероси фарҳангӣ, анъанаҳои таърихӣ ва бостонии санъати ҳунармандӣ, тамаддун ва мероси миллӣ, тарбияи кадрҳои соҳа ва ба ин васила мусоидат намудан ба раванди эҷодиёти халқ муҳим арзёбӣ намуд.

Имрӯз низ дар Хона-музейи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ  байни ҳунармандони маҳаллаҳои «Темуралик, Тиллокон» ва «Мевағул» озмун идома меёбад.

Ҳамин тавр, ҳунармандони  22 маҳаллаҳои шаҳр дар ин марҳилаи озмун иштирок намуда, барои ба даст овардани роҳхат ба даври шаҳрӣ ҷаҳд хоҳанд намуд.

Қарор аст, ки дар Рӯзи оила озмуни шаҳрии «Ҳунарманди беҳтарин» бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода натиҷагирӣ карда мешавад ва ба ғолибон тӯҳфа ва дипломҳои озмун тақдим мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд