(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Вакилон рушди туризмро баррасӣ кардандСубҳи имрӯз дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъвати панҷум баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иҷлосияро бо гузаронидани муқаррароти расмӣ ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар баррасии рӯзномаи ҷаласаи иҷлосия 12 мавзуъ мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Нахуст, Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Абдуваҳҳоб Ҳомидзода доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №301 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот дод.

Зикр гардид, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки он ҷиҳати рушду такомули соҳаи туризм дар кишвар мусоидат хоҳад намуд. Тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатии худ қайд кардаанд:”Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани  аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои  хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муарриф-кунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”.

Абдуваҳҳоб Ҳомидзода, таъкид сохт, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромадест, ки барои бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ хидмат намуда, муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки воқеан ҳам Ватани мо дорои мавзеъҳои зиёди табиӣ ва таърихию фарҳангии диққатҷалбкунанда буда, ин имкониятҳо ифодагари симои ҷолиби Тоҷикистон дар хориҷа мебошанд. Илова бар ин сайёҳӣ ҷойҳои кории мустақим ва ғайримустақим ба вуҷуд меорад. Дар раванди хизматрасонӣ ба сайёҳон кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, аз ҷумла, менеҷерҳо, маркетологҳо,  роҳбаладон, ронандагон, тарҷумонҳо ҷалб шуда, инчунин сайёҳон аз хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаю мағозаҳои фурӯши армуғонҳо васеъ истифода мебаранд. Таваҷҷуҳ ба рушди сайёҳӣ бозгӯи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла, бо  ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад. Мақсад аз эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он иборат аст, ки мо тавонем ҷумҳурии азизамонро бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва дар навбати дигар сармояи хориҷиро ҷалб созем.

Вакилон рушди туризмро баррасӣ кардандИттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати  иҷрои қарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №301 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 июни соли 2014, №262, “Дар бораи амалӣ намудани “Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Раиси  шаҳри Хуҷанд аз 11 июни соли 2014, №410 дар бораи амалӣ намудани “Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд ба табъ расидааст, ки дар асоси нақша чорабиниҳо чунин корҳо ба сомон расида истодааст.

Зикр гардид, ки айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд 6 адад ширкатҳои сайёҳӣ ба монанди ширкати сайёҳии «Спутник», филилали «Суғдиён – Помир Тур», «Олами сайёҳат», «Шарқ -Амрико», “Марко-Поло” ва ширкати сайёҳии “Согдиана Трейд” фаъолият намуда истодаанд.

Дар ин ширкатҳо хизматрасониҳо ба монанди пешниҳод намудани раводид, пешниҳод намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ, таъмини меҳмонхона, ташкил ва хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ, суғуртаи сайёҳон ба роҳ монда шудааст. Ширкатҳои сайёҳӣ шароити хубӣ ҷои корӣ ва бо таҷҳизоти техникии ба шабакаи интернет пайваст таъмин гардида, дар шабакаи интернети номнавис шудаанд. Дафтари қайди шаҳрвандон ва арзу шикоятҳо тартиб дода шуда, мунтазам корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Бобати ҷалби сайёҳони ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ сити турҳо ташкил гардида, ҷиҳати рушди туризми дохилӣ хатсайрҳои дохилӣ ва қабули меҳмонон ташкил карда шудаанд. Барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ нуқтаҳои фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металҳои қимматбаҳо, аз ҷумла ороишоти миллии тоҷикӣ зару зевар ва тўҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои дастии ҳунармандон ташкил карда шудаааст. Дар шаҳр беш аз 32 адад ёдгориҳои таърихӣ, 3 адад ёдгориҳои археологӣ, 25 адад ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад. Баҳри огоҳонидани мафҳум ва моҳияти соҳаи туризм, рушди туризми дохилӣ аз ҷумла туризми мактабӣ, интихоби дурусти касб ва дарёфти роҳбаладони ҷавон дар ҳамкории бо ширкати сайёҳии «Согдинана трейд» силсила муаррифиномаҳо дар 29 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр гузаронида шуданд. Муаррифиномаҳои мазкур бо нишон додани роликҳои тарғиботии мавзеъҳои туристии Тоҷикистон доир гардида, дар маҷмўъ зиёда аз 1100 нафар ҷавонон фаро гирифта шуданд. Дар муаррифинома 3 хатсайри нав муаррифӣ карда шуд, ки инҳо: Хатсайри “Шоми Душанбе”, 3-рўзу 2-шаб (Хуҷанд-Истаравшан-Шаҳристон-Айнӣ-Варзоб-Душанбе-Ҳисор-Хуҷанд); Хатсайри “Искандаркўл”, 2-рўзу 1-шаб (Хуҷанд-Истаравшан-Шаҳристон-Айнӣ-Искандаркўл-Хуҷанд); Хатсайри “Ҳафткўли мўъҷизадор” 3-рўзу 2-шаб (Хуҷанд-Истаравшан-Шаҳристон-Айнӣ-Панҷекент-Саразм-Ҳафткўл-Хуҷанд) мебошанд. Ҷиҳати ташрифи меҳмонон ва шиносоӣ аз таъриху тамаддуни миллию аҷдодӣ соли гузашта шоми дарҳои кушоди осорхонаҳо баргузор гардид. Дар он зиёда аз 1700 нафар шаҳрвандон ширкат намуда, бо таъриху тамаддуни миллию аҷдодии осорхонаҳо шинос гардиданд. Ҳамчунин дар ин рўз намоиши ретро автомобилҳо ва осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардид.

Аз ҷониби нотиқ таъкид шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҳамчун воситаи аёнии муаррифии фарҳанг ва тамаддун арзёбӣ гардида, шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи бевоситаи сайёҳонро ҷалб намудааст, ин молу маҳсулот ва маснуоти сайёҳӣ дар шакли савғотӣ, туҳфа, руқъа, фитта ва ғайра мебошанд. Дар кулли кишварҳои ҷаҳон ба ин намуди кору истеҳсолот аксар вақт дар маҳалҳо оилаҳои ҳунармандӣ машғул мегарданд, чун маҳсулоти дастӣ бо назардошти сатҳу сифат маъруфияти хосро доро мебошад ва талаботи бозор низ ба истеҳсоли маҳсулоти мардумӣ зиёд аст. Зимнан, ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзгузории ин намуди фаъолият — рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ мегардад, ки дар навбати худ он метавонад ба ташкил ёфтани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва ба ин восита беҳтар шудани имкониятҳои иҷтимоии иқтисодии оилаҳо сабаб  гардад.

Вакилон рушди туризмро баррасӣ кардандАбдуваҳҳоб Ҳомидзода гуфт, ки ҳамзамон барои ҷалбу таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳр бояд ташвиқу тарғибот ва рекламаҳои сифатан хубу дилкаш ва зебову ҷолиби инъикоскунандаи манзараҳои табиӣ, макону мавзеъҳои таърихӣ ва замонавии ҷумҳуриро тавассути ахбори омма равнақ дод. Барои ҳамин ҳам дар маркази ширкатҳои сайёҳӣ, нуқтаҳои ҷолиби сайёҳӣ созмон дода шуда, таъсис додани мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди гулдӯзиҳо, зардӯзиҳо, наққошиҳо, кандакориҳо, маҳсулоти заргарӣ, матоъҳои гулбаст ва ғайраҳо мувофиқи мақсад мебошанд. Чунин ҳунарҳои мардумӣ боиси муаррифии таърих ва фарҳанги миллӣ ба сайёҳон хоҳад гардид. Таъсиси ниҳоди алоҳидаи соҳавӣ, фароҳам овардани имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва сода гардонидани низоми раводиди туристӣ- ҳамин имкониятҳо чанде аз тадбирҳое мебошанд, ки  барои рушди бахши туризм роҳандозӣ гарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи тадбирҳо бахшида Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтанд, ки  баҳри ба макони фароғатию сайёҳӣ табдил додани шаҳри  Хуҷанд аз маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” роҳи сайругашт ва саёҳатии арғамчинӣ ё худ канатиро бунёд намояд.

Ин  тадбир метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд. Аз ҷониби дигар, барои худи сокинони шаҳри Хуҷанд низ имконияти нави истироҳату фароғат пайдо хоҳад гашт.

Бинобар ин,  ҳоло таъмиру азнавсозии Қалъаи Хуҷанд ба роҳ монда шуда, дастур дода шудааст, ки дар ҳудуди шаҳраки варзишӣ нуқтаҳои фуруши маҳсулоти дастии мардумӣ ва армуғонҳои миллӣ  ташкил карда шавад. Ин  нуқта зимни шиносоии Раиси вилоят мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва фаъолияти муассисаҳои иҷтимоии маркази вилоят  зикр гардид. Ҳамчунин аз ҷониби маърӯзагузор якчанд пешниҳодоти судманд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ба вакилон манзур карда шуд.

Сипас, вакилон ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Дӯстӣ”, №25” Инъом Аминовро оид ба иҷрои ваколати вакилӣ, дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаи интихоботии “Ватан” №35 Раъно Ҳошимзода бинобар таъин шуданаш ба маснади Раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази  вакили хориҷшудаи  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум ва комиссияи дахлдори он, дар бора ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шахр, даъвати панҷумро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Доир ба номгузории обектҳои физикию ҷуғрофӣ мудири шуъбаи бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Кибриё Ҷӯраева баромад намуда, иттилоъ дод,ки дар ҷаласаи комиссияи номгузорӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба хизмати ашхоси барӯманди хизматрасонида, як қатор кӯчаҳои шаҳр ба номи эшон гузошта шуд. Аз ҷумла, номи тангкӯчаи Светловаи маҳаллаи “Хуҷанд” ба номи Абдуғафур Мансуров, кӯчаи Дмитреви маҳаллаи “1-май” ба номи Ҳайдар Қурбонов, кӯчаи “Фрунзе”-и маҳаллаи “1-май” ба номи Абдулло Норов, кӯчаи байни микроноҳияҳои 8-12 ба номи Усмон Қосимов табдили ном намуданд.

Вакилон онро якдилона дастгирӣ карданд.

Аз ҷониб Аюб Раҳматзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд нақшаҳои ҷадиди муфассали тарҳрезидашудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд барои тасдиқ муаррифӣ карда шуд, ки азнавсозии як қатор кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла кӯчаҳои Сирдарё, Камоли Хуҷандӣ, Исмоили Сомонӣ, Мақсудҷон Танбӯрӣ, Шарқ бо бунёди хонаҳои баландошёна пешбинӣ гардидааст.

Бо назардошти тағйиру иловаҳои ироагардида вакилон лоиҳаи мазкурро дастгирӣ намуданд.

Вакилони иҷлосия ҳамчунин як қатор қарорҳои Раиси шаҳрро тасдиқ намуданд.

Анвар Яъқубӣ дар ҷараёни кори иҷлосия баромад намуда, фикру андешаҳои хешро доир ба масоили баррасишуда иброз дошт.

Раиси  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъвати панҷумро ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд