(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иштироки 600 нафар дар машқи пагоҳирӯзӣСубҳи имрӯз бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирўзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ машқҳои пагоҳирўзӣ дар ду мавзеъи маҳаллаи «Тиллокон»-и микроноҳияи 12-уми шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Машқҳои пагоҳирўзӣ аз ҷониби мактаби варзишии захираҳои олимпӣ ва мактаби варзишии рақами 2-и шаҳр  давоми 40 дақиқа баргузор карда шуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида беш аз 600, нафар аз ин шумора 170 нафар бонувон дар машқҳои пагоҳирўзӣ иштирок намуданд, ки аз шумораи умумӣ 200 нафар машқкунандагони мактаби варзишӣ, 180 нафар муҳассилини мактабҳои умумӣ ва 50 нафар истиқоматкунандагони маҳалла иштирок намуданд.

Минбаъд низ силсилаи чунин машқҳои пагоҳирӯзӣ идома хоҳад ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд