(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Баргузории иҷлосияи вакилон ва маҷлиси фаъолонСанаи 16 апрели соли равон иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъвати панҷум ва ҳамзамон маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2018 баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст, ки вакилони халқи шаҳр дар иҷлосияи навбатӣ рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №301 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар маҷлиси фаъолон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иҷтисодии шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2018 пешкаш ва мавриди таҳлил қарор дода мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд