(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Рӯзи мудофиаи гражданӣ» баргузор шудСубҳи имрӯз  дар МТМУ №21-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади омода намудани  аҳолӣ дар вақти сар задани ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ ва техногенидошта, инчунин баланд бардоштани ҳиссиёти ватандӯстии ҷавонон ва наврасон «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ гузаронида шуд.

Сармутахасис- ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз гузаронидани онро шарҳ дод. Таъкид гардид, ки бояд аҳолӣ дар сурати рух додани офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулода роҳ ва усули раҳоӣ аз онро донанд.

Сипас, хонандагони МТМУ №21-и шаҳр бо гузаронидани машқҳои гуногун роҳу василаи халосӣ аз воқеъоти фавқуллодаро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд