(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мудири маориф бо хоҳиши худ аз вазифа рафтааст....(Вокуниш ба матлаби “akhbor.com”. 10.04.2018. “Раиси вилоят чанд мансабдорро барои хунукназарӣ аз кор ронд”).

Санаи 10.04. 2018 дар сомонаи “Ахбор.сом” матлабе таҳти унвони “Раиси вилоят чанд мансабдорро барои хунукназарӣ аз кор ронд” нашр шуд, ки он ба воқеъият наздик нест.

Аввал он, ки Раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар иртибот ба сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ягон мансабдорро аз вазифа сабукдӯш накардааст ва шахсони номбаршуда аз ҷониби Роҳбари вилоят таъин ва ё аз вазифа озод намегарданд. Маъракаи гусели наваскарон дар сатҳи баланд ва бо рӯҳияи ватандӯстӣ баргузор шуд, ки боиси ифтихори ҳамагон аст.

Тавре, ки дар мавод нашр гардидааст: “Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 10 апрел сардори шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, декани риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи сиёсат ва тиҷорат ва чанд мансабдори дигарро барои сафарбар накардани толибилмон ба маросими гусели навсарбозон барканор кард. Тибқи нақша, рӯзи шанбе бояд барои навсарбозон то вокзал коридори зинда ташкил мекарданд, вале ба сабаби боридани борон бисёриҳо наомаданд”.

Мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонӣ ва декани факултети ҳуқуқшиносии  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шӯҳрат Кенҷаев (на донишгоҳи сиёсат ва тиҷорат) ки онҳо на дар “коридори зинда” масъул буданд, балки якумӣ ба  секторҳои 11  ва дуюмӣ дар сектори 7-и варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” масъул буданд ва дар секторҳои номбурда бобати таъмини тамошобинон ягон мушкилот вуҷуд надошт.

Ҳамагон хуб медонанд, ки мудири маорифро Раиси шаҳр ба вазифа таъин ва ё барканор менамояд. Декани факултети муассисаҳои олии мамлакат тибқи низомномаҳои соҳаи маориф ректори муассисаи олӣ дар мувофиқа бо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва ё сабукдӯш менамояд.

Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ дар як мулоқоти худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо роҳбарони соҳаи маориф аз вазъи ногувори соҳа интиқод намуда буд. Зеро аз рӯйи натиҷаи як санҷиши гуруҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба вазъи татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омодагии омўзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр барои гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ, давомоти хонандагон, ҳолати китобҳои дарсӣ ва рўзномаю дафтарҳои кории  хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии №6, 9, №10  22, 23  ва 30 –юми шаҳр  мавриди таҳлил қарор гирифта, мудири маорифи шаҳр Илҳом Султонӣ огоҳии қатъӣ гирифта буд.

Чанде қабл, ҳолати як қатор макотиби дигари шаҳр низ мавриди таҳлил қарор гирифта, аз ҷумла дар МТМУ №5 камбудиҳо ошкор карда шуданд ва он аз суст будани назорати доимии роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳр гувоҳӣ медод.

Ҳамаи ин боис гардид, ки мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонӣ бо хоҳиши худ тарки вазифа намояд. Кормандони соҳа хуб медонанд, ки Илҳом Султонӣ ҳамчун педагог ва роҳбари дорои маданияти баланд дар шаҳр ҷойгоҳи муносиб дорад. Шояд дар ояндаи наздик роҳбарияти шаҳр дигар вазифаи пурмасъулиятро ба эшон бовар намоянд.

Декани факултети ҳуқуқшиносии  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шӯҳрат Кенҷаев мувофиқи маълумотҳои дастрасгардида, мӯҳлати иҷрои вазифааш тибқи Низомномаи мактабҳои олӣ ба  анҷом расидааст.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки маросими пуртантанаи гусели навсарбозон ба хидмати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки бори аввал дар варзишгоҳи “25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳуриии Тоҷикистон” сурат мегирад ва он аз шаҳомат ва арзиши бузурги ин маъракаи сиёсӣ гувоҳӣ медиҳад.

Шукронаи сулҳу Ваҳдат ва осоиштагии кишвар аст, ки вақтҳои охир гусели наваскарон ба тӯю сур мубаддал гардидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси миллат баҳри ҳимояи ҳифзи Ватан дар дохили кишвар бо имконоту шароити лозимӣ хизмат намуда истодаанд. Ва хизмат ба Ватанро шараф медонанд. Роҳбарияти шаҳру вилоят зарур донистаанд, ки баҳри болидахотирии наваскарон барномаи фарҳангӣ ва гусели мутантанаро бо риояи расму оини миллӣ ташкил намоянд. Ин дарси ватандӯстӣ буда, наврасону ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ раҳнамоӣ менамояд.

Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза, ки  бархӯрди абарқудратҳо ва хавфи терроризму экстремизм  мушоҳида мешавад, мо бояд дар сари андешаи  муттаҳидии миллату сарзамин ҳарф занем. Масоили ҷузъиву пур аз кинаву сарсарӣ моро аз асолати миллии хеш фарсахҳо дур мекунад. Агар наврасону ҷавонон ҳамагӣ ду соат дар зери борон (10 дақиқаи борон) наваскаронро гусел намуда бошанд, ин мардони шуҷоъи Ватан барои зиндагии осоиштаи мо ду сол зери барфу борон ва офтоби сӯзон меистанд...

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд