(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Атласи Хуҷанд» шӯҳрати қаблиашро барқарор месозадЯке аз корхонаҳои азимтарини шаҳри Хуҷанд «Атласи Хуҷанд» иқтидори истеҳсолотии хешро бо василаи фармоишоти дохилӣ зиёд намуда истодааст. Ин корхона, ки дар гузашта бозори Тоҷикистон ва минтақаро бо матои хушсифати атлас таъмин мекард, як муддат, яъне то соли 2005 бо иқтидори пуррааш фаъолият надошт ва аз ҳамон сол инҷониб бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора барқарор карда шуда, дар ин ҷо истеҳсоли атласу адрас роҳандозӣ гардид.

Тибқи иттилоъи роҳбари кулли ҶДММ «Атласи Хуҷанд» Азимҷон Ғафуров «Айни замон дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» 32 адад дастгоҳи худкори матоъбофӣ насб гардида, бо истифода аз он тавлиди атласу адрас, ки имрӯз талабот ба ин ду навъи матои миллии мардуми тоҷик ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори минтақа бештар мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти фармоишоти дохилӣ корхона метавонад ҳаҷми истеҳсолотии хешро тақвият бахшад».

Имрӯз дар корхонаи мазкур беш аз 100 нафар ҷавонон машғули кор буда, зиёда аз 60 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки аз нигоҳи сифат ва тарҳ ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд.

Дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» давоми як сол бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда 60 ҳазор метри тӯлонӣ атлас истеҳсол карда мешавад ва агар басти дуюми корӣ роҳандозӣ гардад ин нишондод ба 120 ҳозор метри тӯлонӣ хоҳад расид.

Матоъҳои атласу адраси «Атласи Хуҷанд» дорои сертификати сифати буда, атлас аз абрешими тоза ва адрас бошад сад фоиз аз нахи пахта истеҳсол шуда, ба саломатии инсон безарар мебошад.

Дар назди ««Атласи Хуҷанд» сехи дӯзандагӣ амал менамояд, ки матоъҳои истеҳсолнамудаи ин корхонаро бо тарзу усулҳои муосир тайёр менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд