(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таъини 4 раисони нави кумитаи маҳаллаҳои шаҳри ХуҷандТибқи Амри Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 4 раисони нави кумитаи маҳаллаҳои шаҳр таъин гардиданд. Ҳамин тавр, раиси кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ» Ҳусейн Азизов, раиси кумитаи маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз»  Абдуҳабиб Ҳомидов, раиси кумитаи маҳаллаи «Чашмаи Арзана» Мубин Маҳмудов ва раиси кумитаи маҳаллаи «Ваҳдат» Раҳим Обидов ба вазифаҳои хеш шуруъ намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни муаррифӣ ва вазифагузорӣ ба раисони нави кумитаҳои маҳаллаҳо таваҷҷуҳи эшонро пеш аз ҳама баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода равона сохта, аз ҷумла таъкид намуд, ки вазифаи аслии раисони маҳаллаҳо хизмат ба мардум, ободу хуррамнамоии муҳити маҳал, раҳнамоии бошандагон баҳри созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки феълан дар шаҳри Хуҷанд 22 кумитаи маҳаллаҳои шаҳр амал намуда, чунин сохтори идорӣ дар қаламрави вилоят назир надорад. Дар кумитаи маҳаллаҳои шаҳр ғайр аз раиси маҳалла, ҳамчунин шӯрои занон ва шӯрои ҷавонон низ амал мекунанд, ки ҳамагон аз буҷаи маҳаллӣ маош мегиранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд