(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Гусели ҷавонони бонангу номуси Ватан барои ҳимояи МеҳанҚарор аст, ки субҳи рӯзи шанбеи ҳафтаи равон дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд  гусели наваскарон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд , ки  бо амри дил ба хизмати Модар Ватан мераванд, сурат мегирад.

Ба ин муносибат роҳпаймоии наваскарон аз маҷмааи «Истиқлол» то ба самти майдони Шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифта, эшон баъди гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи Асосгузори давлати Сомониён –Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар чорабинии фарҳангии варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд  иштирок хоҳанд кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд