(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Изҳороти ҷомеаи омӯзгории маъмурият ва омӯзгорони МТМУ №17 шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро.

ҲНИТ собит кард, ки ташкилоти эктремистӣ-террористӣ аст. Бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ қатъ гардид ва аз ҷониби Сохтори минтақавии зидди террористии Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ он Ташкилоти экстремисти-террористӣ эълон шуд.

Дар байни мардуми мо мақоле ҳаст: «Эҳтиёт-нисфи ҳаёт». Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон шудани ин ҳизб шояд ҳушдор намудани мардум бошад, ки ҳанӯз аз кирдорҳои он бехабар аст?

Бале дуруст аст. Мавҷудият ва фаъолияти ҳизбе, ки дар кишвар мамнӯъ гаштааст, барои хоҷагони аъзои он ва гурӯҳҳое, ки ҳанӯз ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллии кишвари мо бовар қоил накардаанд, як омили барангехтани низои навбатӣ аст. Ҳамон андешаи «Низоъ  андоз ва ҳокимият барқарор намо» ҳанӯз низ воқеияти хешро доштааст. Кишвари соҳибистиқлоли мо, ки дар давраи шукуфоиву пешравӣ қарор дорад, кишваре, ки беш аз 190 давлати дунё ҳамчун давлати мустақил эътироф кардааст, давлате, ки бо барномаҳои бузургу ба қавле, глобалӣ миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад мекунад ва ҳамраъйӣ меёбад, барои онҳое, ки ба кишвари мо нигоҳи муғризона доранд, чандон писанд нест. Ва аъзои ҲНИТ бо шарикони сарпарасташ, ки ҳар замон бо амале симои воқеии хешро намоиш медиҳад, назари ҷомеаи ҷаҳониро нисбати кишвари мо нигаронкунанда месозад.

Маъмурият ва омӯзгорони МТМУ №17-и шаҳри Хуҷанд зидди ташкилотҳои терорристӣ ҳастанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки созмондиҳиндагони ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ҳамчун душманони халқ шинохта мешаванд. Ҳамаи иқдомоти террористони наҳзати ва пуштибононашон тавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурӯғ ба ҷалб кардани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задании нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст. Беҳуда нагуфтаанд:

Ҳар, ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Маъмурият ва омӯзгорони
МТМУ №17 шаҳри Хуҷанд