(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором,  муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад. Терроризм дар байни табақаҳои мухталифи  ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва  вайронкорӣ меорад.  Вожаи «терроризм» аз калимаи  лотинии «terror» маншаъ гирифта,  маънояш тарс ва ваҳм аст. Терористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ ба бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои ядроӣ, моддаҳои радиактивӣ, химиявӣ, биологӣ илова бар ин нобуд сохтан, зарар расонидан ё забткунии воситаҳои нақлиёт ва дигар  объектҳо: сӯиқасд ба ҳаёти ходимони давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи барҷаста ва оддии миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳҳои аҳолӣ: содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудаанд.

Мубориза ба муқобили чунин падидаҳои хатарзои асри ХХ1 аз вазифаҳои мубрами кормандони илму фарҳанги дунявӣ ва ходимони намоёни дини муосир маҳсуб мешавад. Терроризм чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 декабри  соли 2015 дар Иҷлосияи сеюми авқуллодаи Созмони Конфронси исломӣ дар шаҳри Москва дар суханронии худ таъкид намуда буданд, ки «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани худову бандагони ӯст. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонҳои нораво мо ҳама давлатҳои мусулмонӣ бо падидаҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чун, ки ин гуна нерӯҳо  аз номи ислом амал намуда, номи неки онро дощдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломро ниёда месозанд».

Ҳабиба Ҳасанова омӯзгори фанни
таърих ва ҳуқуқи МТМУ № 17-и
шаҳри Хуҷанд ба номи Ҳаким Карим