(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Изҳороти ҷомеаи омӯзгории литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро.

Терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб ёфта, ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи он мубориза бурда истодааст. Ин раванд мардуми сулҳҷӯю озодихоҳ, бонангу номус, ватандӯсту хештаншиноси кишвари моро ором гузошта наметавонад.

Ифротгароӣ ва терроризми динӣ-мазҳабӣ, ки ағлаб дар кишварҳои Ховари Миёнаю наздик ва Осиёи Ҷанубӣ тарҳрезӣ мешуд, имрӯз ҳудуди хешро тавсеа бахшида, ба Аврупо «кӯч» бастааст. Тарҳрезони ҳаракатҳои ифротгаро оқибат ва натиҷаи онро андеша накардаанд. Афрӯхтани оташ нисбати хомӯш кардани он кори осон аст.

Бадбахтӣ он аст, ки имрӯз он оташ ба домони бархе аз минтақаҳои оташ фурӯзон часпидааст. Инак, Ғарбу Шарқ, Аврупою Осиё сар бар китфи андешаву тафаккур ниҳода, мехоҳанд аниқ созанд, ки ба ҷуз ДИИШ террористони хонасӯз миёни гурезагони бешумор набошад…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд оид ба дастовардҳо, музаффариятҳое, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба даст овардааст, таъкид месозанд ва ҳамзамон, нақшаҳои бадхоҳони миллат, ки зидди рушди давлати миллиамон мебошад, маҳкум менамоянд.

Мусаллам аст, ки хунукназариву бетафовутии Ҳукумати Фаронса ва як қатор кишварҳои Ғарб бинобар «нарм» будани қонунҳояшон ба террористону ифротгароён ва ҳама гуна гуруҳҳои иртиҷоӣ барои фаъолияти озодонаашон шароити мусоид фароҳам овардааст.

Вақтҳои охир ба гуруҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарони тоҷикистонӣ низ ба назар мерасад, ки ин дарди ҷонсӯзи миллату давлат аст. Мудҳиштарин  падидае, ки бо он башарият ибтидои асри XXI рӯбарӯ шуд, терроризм ва экстремизм мебошад. Аммо ин маънои надорад, ки чунин ҳодисаи номатлуб замони гузашта вуҷуд надоштанд. Зуҳуроти чунин равандҳоро мо дар давраҳои гуногуни таърих мушоҳида кардаем, вале дар хусуси кай ва дар куҷо бори аввал ташкил шудани он ягон маълумоти дақиқ надорем.

Дар замони муосир экстремизм, радикализм ва терроризм дар мисоли ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро ҳамчун муаммои умимибашарии дорои характери аввалиндараҷа ба амнияти давлатӣ, осоиштагии иҷтимоӣ ва иқтисодиёти бозоргонӣ шинохта шудааст. Аз ҷаҳонишавии чунин падидаҳои ба ахлоқи ғайриинсонӣ шабеҳ, мутаассифона, мардуми тоҷик низ эмин нест. Имрӯзҳо шахсони махсус таълимгирифтаи гуруҳҳои террористӣ дар тасаввуроти ҷавонони мо таълимоти исломро нодуруст шарҳ дода, онҳороб а сӯи радикализм ва экстремизм ҷалб менамоянд. Ба вуқуъ  пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта ҳеҷ гоҳ моҳияти динро инъикос карда наметавонад.

Ҳамин тариқ, ҷиҳати пешгирии фаъолияти гуруҳҳои ифротгаро, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар сарзамини биҳиштосоямон равобити оила, мактаб дар самти тарбия ва назорат ҷоннок карда. Тавасути васоити ахбори омма оқибатҳо ва зарари терроризму экстремизм бояд васеъ таҳлил карда, дастраси мардум гарданд.

Дар роҳи тарбияи шахсияти ватандӯст, масъулиятнок, таҳаммулпазир, ташаккули шуури иҷтимоӣ бояд тамоми сохторҳои ҷамъиятиву давлатӣ ҳамкорӣ намуда, мизҳои мудаввар, конфронсҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ, тадбирҳои пешгирикунанда амалӣ гардонанд.

Бояд ба қадри ин сарзамини биҳиштосо, Истиқлолият ва неъмати бебаҳои он – Сулҳу Ваҳдат бирасем.

Ҷомеаи омӯзгории литсейи донишкадаи политехникӣ барои пешгирӣ намудани ҷавонон ва наврасон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ сӯҳбату вохӯриҳо бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ доир менамоянд. Дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ чорабиниҳо, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида мешавад.

Ҷомеаи омӯзгорӣ бо дарки масъулият ва худшиносии миллӣ шогирдонро дар руҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат, ватандӯстиву ҳимояи арзишҳои миллӣ ба воя расонида, барои ҳифзу рушди дастовардҳои мардуми шарифамон, ободии Ватан, таҳкими суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ҳамаи қувваи зеҳнӣ, малакаи касбии худро равона месозанд.

Ҷомеаи омӯзгории литсейи
донишкадаи политехники шаҳри Хуҷанд