(5 овоз, миёна 3.80 аз 5)

Дарси маданияти шаҳрдорӣДар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби фаъолон ва раисони гузару маҳаллаҳо чорабиниҳои мухталиф бо ташаббуси шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд буда, одоби шаҳрнишинӣ, равнақ бахшидани корҳои ободонию сабзазоркунӣ дастаҷамъона таҳти шиори «Шаҳрамонро обод месозем» доир гардида истодааст.

Ҳафтае як маротиба аъзоёни гурӯҳи корӣ дар маҷлисгоҳи шуъбаи ВКД аз натиҷаи корбарӣ ҳисобот дода, мушкилиҳои дар гузару маҳаллаҳо ҷой доштаро баррасӣ менамоянд. 
Ҳашару шанбегиҳои дастаҷамъона дар тамоми гузару маҳаллаҳои Хуҷанд гузаронида шуда, феълан гурӯҳҳои корӣ бобати тарғиби одоби шаҳрнишинӣ дар баландошёнаҳо дастур гирифтаанд.

Сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Эмин Ҷалилзода дар ҷаласаи навбатӣ изҳор дошт, ки дар пештоқи айвону тирезаи биноҳои дар қадди роҳи нақлиётгард ҷойгир буда, овехтани либос, назди баландошёнаҳо худсарона сохтани тануру оташдон ҳусни шаҳрро коста гардонида меъёри шаҳрнишинӣ риоя намешавад. Роҳбарияти шуъбаи милитсия бо қаноатмандӣ аз фаъолияти сафарбаршудагон қайд кард, ки танҳо дар заминаи ҳамкории якҷоя мо метавонем бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳангоми зарурият бо таъсиррасониҳои ҳуқуқӣ ин камбудиҳоро бартараф созем.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки нишондиҳандаҳои ҳар як аъзои гурӯҳи корӣ баҳогузорӣ гардида, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд барои фаъолияти самаранок қадршиносӣ карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд