(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ташрифи меҳмонони Самарқанд ба ХуҷандДирӯз пас аз нисфирӯзӣ як гурӯҳи зиёда аз 20 нафараи меҳмонон аз шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон вориди шаҳри Хуҷанд гардиданд. Дар даромадгоҳи шаҳр меҳмононро Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, шоиру нависандагон, ҷавонон ва сокинони шаҳр гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Пас аз истиқболгирии меҳмонон бо карнаю сурнай ва гулу гулдастаҳою нону намаку асал, онҳо аз масҷиди «Шайх Маслиҳаддин» ва бозори «Панҷшанбе» боздид намуданд.

Роҳбари ҳайати меҳмонон, муовини Раиси вилояти Самарқанд Мӯнис Восиев аз фаровонию дастрасии нархи маҳсулоти озуқа дар бозори “Панҷшанбе” тавсиф намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки “Бозор хеле тозаву ороста ва муҳимтар аз ҳама тамоми анвои хӯрока бо нархи дастрас фурӯхта мешавад.

Ташрифи меҳмонони Самарқанд ба Хуҷанд Соҳибкорон худро озод ҳис мекунанд ва ин омили асосӣ аст. Аз ин лиҳоз, мо пеш аз ҳама сипосгузорӣ менамоем ба роҳбарияти олии ҳарду мамлакат, ки чунин имконот ва шароитро ба ду халқи бародар муҳайё сохтанд”.

Ҳамчунин меҳмонон бо фаъолияти КМ «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо намуда, доир ба раванди истеҳсоли матоъи босифати пахтагин мароқ зоҳир намуданд.

Дар тарабхонаи «Дўсти Амирхон»-и шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ташрифи меҳмонони кишвари ҳамсоя  як барномаи вижаи фарҳангӣ баргузор шуд.

Дар он шоиру нависандагон, олимон ва ҳунармандон: Фарзона, Хосият Бобомуродова, Аҳмадҷони Раҳматзод, Асатулло Атоуллоев, Муҳиддини Хоҷазод,  Мардон Мавлонов, Ҷумъа Ҳамроз, Дадохони Эгамзод, Баҳодур Ибодӣ, Дилафрӯз Саидӣ, Толиб Набиев, Ҷӯрабек Набиев ва дигарон баромад намуда, ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва мулоқоти сатҳи олӣ бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аҳамияти таърихӣ унвон намуданд. Таъкид шуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мардуми шарифу тамаддунофар, фарҳангсолору меҳанпарасти тоҷик рўйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб шуда,  ягон фарди бедордилу меҳанпарастро наметавонад бетараф гузорад.  ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба умумиятҳои ҳудудӣ, ҷуғрофиву таърихӣ ва фарҳангии ин кишварҳои ҳамсоя асос ёфта, таърихи чандинасра дорад. Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад. Умедвори намуданд, ки раванди рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, ҳамчунин дар соҳаҳои илму маориф низ қавитар хоҳанд гашт.

Зикр гардид, ки ҷорӣ  намудани низоми бидуни раводид барои сафарҳои доимии  шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз,  кушодани ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва барқарор намудани ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳану ҳавоӣ байни давлатҳои ҳамсоя   ба манфиати соҳибкорон ва мардумони ҳарду кишвар буда,  ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии дуҷониба шароити мусоид фароҳам меорад.

Суруду шеърҳои дузабона ба маҳфил ҳусни дигар зам намуд.

Меҳмонони самарқандӣ дар базми суманакпазии чойхонаи «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд низ иштирок намуда, нахуст аз растаи ҳунармандони идораву муассиса ва маҳаллаҳои шаҳр боздид намуданд. Ба меҳмонон тарзи пухтани нишолло, сумалак ва дигар анвои наврӯзӣ бо махорати баланд нишон дода шуд. Наврасон аз эҷодиёти даҳонакии халқ сурудҳо замзама намуда, табъи меҳмононро болида намуданд. Анъанаву маросимҳои миллии мардуми тоҷик пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Барномаи муштараки фарҳангии аҳли фарҳанг ва маориф шаҳри Хуҷанд бо маҳорати баланд намоиш дода шуд.

Мардон Мавлонов, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Узбекистон ва Тоҷикистон бо суруди “Тӯтиҷонам” ба барномаи фарҳанги ҳусни анҷом бахшид.

Сафари дирӯзаи меҳмонони самарқандӣ дар шаҳри Хуҷанд бо тамошои Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва Маҷмааи “Истиқлол” анҷом пазируфт...

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд