(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хатнасури хайриявии кӯдакони оилаҳои ниёзмандРӯзи 22 март дар тарабхонаи "Ҷавонӣ"- и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода хатнасури хайриявии 25 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.

Хатнасури хайриявии кӯдакони оилаҳои ниёзманд бо ташаббуси Раёсати андоз дар вилояти Суғд ташкил гардид. Раиси вилоят зимни суханронии худ аз ин иқдоми нек истиқбол намуда, таъкид кард, ки бояд дар оянда низ чунин корҳои хайр ба анҷом расонида шавад. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон кӯдакони хуштолеъ ва пайвандони онҳоро ба Иди Наврӯз табрик гуфта, иброз дошт, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Сипас, аз ҷониби Раиси вилоят ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси вилояти Суғд