(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10 – солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастовардҳои муҳими марҳалаи сипаришуда – ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, танзими суннатҳои диниву мардумӣ, табақабандии муваффақонаи анъана ва ҷашну маросимҳои миллию мазҳабӣ, пешгирии хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ, исрофкориву зиёдаравӣ ва эҷодӣ низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ баҳогузорӣ гардид.

Аҳли зиё, мардуми нексиришти вилоят ифтихор аз он дорем, ки супоришот ва қонунгузориҳои Раиси ҷумҳурро оиди масъалаҳои гуногуни сиёсиву ҷамъиятӣ ба хубӣ дарк намуда, баҳри амалӣ гаштани он мекӯшем.

Ояндаи насли наврас дар дасти омӯзгорону ҷомеа аст. Имрӯз моро зарур аст, ки барои ҳаёти осудаву осоишта фазои солим ва пешрафти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангию мадании ҷомеа ҷонибдори суханрониҳои Президенти кишвар бошем. Ба завқи ҳар як шогирд таъсир расонем, ки ба расму русум ва анъанаҳои миллӣ муносибати некбинона дошта бошад. Зеро яке аз масъалаҳои муҳиме, ки аз тарафи Пешвои миллат ироа карда шуд ин риояи фарҳанги миллӣ аз ҷониби мардуми тоҷик мебошад. Дар ҳақиқат, солҳои охир бо таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида тарғиби сару либоси ба фарҳанги мо бегона дар шаҳру ноҳияҳои кишвар миёни занон вусъат гирифта истодааст, ки бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллиии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира мегардонад. Ин гунна муносибати кӯркӯронаи баъзе афроди ҷомеа боиси изтироби ҳукумати ҷумҳурӣ ва аҳли хирад қарор гирифтааст.


Аз таърихи хеле қадимаи бостониву тамаддунсози мо маълум мешавад, ки халқи тоҷик ойину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае дорад, ки қисми зиёдашон дар тӯли таърих ҷойгоҳу арзиши худро гумм накарда, то замони мо ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ омода расидаанд.

Занҳои тоҷик дар ҳар давру замон оқилу доно ва дурандеш буданд. Имрӯз низ занону духтарони моро зарур аст, ки бо ақлу хиради воло давомдиҳандаи анъанаҳои неки ниёгонамон бошанд.

Дар интихоби либос ба ҳар гунна анъанаҳои барои зани тоҷик бегона роҳ надиҳанд. Пӯшидани ҳиҷобу либосҳои тира аз наздикӣ ва шинохти Худованд дарак намедиҳад. Чӣ тавре ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон зикр намудаанд: «Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сару либоси сатру ҳиҷобу саллаву риш».

Аз ин рӯ, ақли солимро зарур аст, ки бо ҳама гунна муносибатҳои номатлуби замона нисбати анъанаҳои миллӣ мубориза барад, тоза созад, бо назардошти имкониятҳои иқтисодию ичтимоӣ ва фарҳанги миллӣ танзим намояд.

Муқаддас Алимова, муовини директор,

омӯзгорифаннитаърих дар

МТҒ «Мактаби Рустамов Ю.Д.»