(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар ҷиҳат барои насли ҷавони кишвар ҳуҷҷати муҳим ба ҳисоб меравад, зеро он тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро фаро мегирад. Тамоми кӯшишу заҳмат ва сари вақт ироа гардидани Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ баҳри беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва шароити арзандаи мардум мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тащйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ ба қадамҳои устувор пеш меравад.

Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад.

Ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Соли гузашта, рӯзҳое набуд, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Дар арсаи байналмилали то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Бахусус, дар қаламрави Афщонистон пайдо шудани террористони бо ном «Давлати исломӣ», ки баъзе аз шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба он шомиланд, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифродгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем. Бо ин мақсад моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез баргузор мегардад.

Ҷавонон нисбат ба щамхориҳои Ҳукумату давлат бетарафиро ихтиёр накарда, дар пайи омӯзиши илму дониш ва корҳои нек бошанд. Ҷавонони бомарифат метавонанд дар оянда барои халқу миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Аз бар намудани илмҳои муосиру замонавӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ талқин намуда, давраи донишандӯзиро самаранок истифода намоянд, зеро волидайн фарзандонро танҳо бо мақсади омӯзиш ба донишгоҳҳо мефиристанд.

Огоҳӣ надоштан дар мавриди ҳодисаҳои рӯз ва фирефтаи таблищоти гурӯҳҳои ноошно гардидан ҷавоноро дар шинохти воқеият раҳгум мезананд.  Маҳз омили таъсирпазир будани афкори ҷавонон метавонад, гаравиши онҳоро ба идеологияи «бегонапарастӣ» бештар намояд. Арзишҳое чун ватандӯстиву ватандорӣ ва худшиносӣ огоҳона дар зеҳни онҳо бегона гашта, ҷойи онро идеология ё афкори зиддимилливу мардумбадбинӣ фаро мегирад. Гузашта аз ин, мисолҳои ҳаётӣ бозгӯи он аст, ки таҷриба надоштан ва таҳлилҳои сатҳӣ гурӯҳе аз ҷавононро барои ҳамроҳшавӣ ба ҷараёнҳои щайримардиву миллӣ ташвиқ мекунад. Дар саргаҳи ин ҳама ношинохтҳои ҷавонон маҳз таҷриба, тафаккур ва ҷаҳонбинии шаклгирифтаи онҳо меистад. Агар теъдоди ҷавонони огоҳу ҷомеашинос дар кишвар бисёр бошад, пас, ба ҳамон андоза калавишҳои сиёсӣ миёни ҷавонон кам мегардад. Ҷавонон баъзан ноогоҳона, ба хотри даст овардани имтиёз, худро ба ощӯши ин гурӯҳҳо мезананд.

Қатлу, ваҳшоният ва аз байн бурдани хонаҳои мардуми осоишта танҳо хоси гурӯҳҳои ифротӣ буда, зарбаи мудҳиш ба тахриху фарҳанг ва арзишҳои олии инсониву башарият аст. Мо бояд ин масъаларо ба ҷавонон вобаста ба фарҳанги сиёсӣ ва дарку фаҳмишашон бифаҳмонем, то онҳо худ ваҳшония, даҳшатнокии ҷараёнҳои тундгароёнро эътироф, накарда аз онҳо худро дур нигоҳ доранд. Масъалаи баланд бардоштани огоҳии сиёсии ҷавонон, худшиносиву ватандӯстии онҳо дар Паёми Президент, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ишора шуда, ҷавоноро бори дигар ба масъулиятшиносиву ватандӯстӣ даъват мекунад:

«Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Терроризм ва ифродгароӣ беш аз ҳама авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ бо проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст.»

Бо мушоҳидаи воқеаҳои дилхароши кишварҳои хориҷа, куштори кӯдакону занон, пиру ҷавонони бегуноҳ тавассути телевизон, хусусан, ба доми найранги исломиҳои исломшинос гирифтор шудани як идда ҷавонони мо ва бо номи «Далати исломӣ» ба хоку хун кашидани мусулмонони бегуноҳ кас водор мешавад, ки мӯҳри хомӯширо бишканад ва ба ҷавонони азиз роҳро аз чоҳ нишон диҳад.

Бояд қайд кард, пирон ҷавононро мешиносанд, чунки марҳилаи ҷавониро аз сар гузаронидаанд. Вале ҷавонон пиронро намешиносанд, чунки ҳеҷ вақт пир набудаанд. Бояд дар назар дошта бошем, ки Ислом инсонро аз берун не, балки аз аз дохил тарбия мекунад.

Ба ҷавонони азиз насиҳат мекунем қадри тинҷӣ ва оромии кишварро ва ваҳдати милиро, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, щанимат дониста, тамоми кӯшишу щайраташонро сарфи ободию шукуфонии ватани маҳбубамон кунанд ва оқилу ояндабин бошанд. Ба ҳарфи ҳар шахсу гурӯҳи щаразнок гӯш надиҳанд ҳарфи падару модар, ки меҳрубону дӯсти холиси онҳоянд, гӯши ҷон супоранд. Бояд фаромӯш накунанд, ки иҷозати падару модар кор кардан нобахшиданист.

Бисёрии ҷавонони мо азоби ноамонӣ, ҷанги хонумонсӯзи бародаркушӣ ва аз Ватан беватану хору зор шудани падару бобояшонро надидаан ва фақат баъзе лаҳзаҳояшро аз филмҳо тамошо кардаанд. Бинобарин, қадри тинҷӣ ва осудагиро, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат ба даст омадаасту қурбониҳои зиёдро додааст, намедонанд.

Агар насли имрӯза ба даст гирифтани аслиҳаи ҷангиро омӯзад, оё байни хоҳару бародар, ёру дӯстон, хешу ақрабо меҳру муҳаббат мемонад?

Ҳоло мо саволи меҳру муҳаббат ба Ватанро намедиҳем. Ба ин савол ҷавоб гирифтан вагарна осон мешавад? Ҳол он ки мегӯем, ки ояндаи дурахшони кишвар дар дасти ҷавонон мебошад. Агар имрӯз мо насли наврасро ба ин хислатҳои нек наомӯзонем, мо дар рӯи замин некиро намебинем. Беҳуда нагуфтаанд, ки одамони нек, ҷавонмардон хайрхоҳу ҳимматбаланд буда, дар рӯи замин щайр аз ҷангҳои бародаркушӣ чизеро намегирем. «Ҷаҳонро гир на бо камону шамшер гуфтаанд, балки бо панду ҳикмат, бо ақлу заковат, бо илму дониши воло»

Имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон аз ин нерӯ, ҷавонони ҳушёру огоҳ баъзан ба манфиат, гоҳе бар зарари миллатҳову давлатҳо истифода мебаранд. Бар зарари мардум истифода шудани ин нерӯи хасос танҳо ба шарофати ҷавонони «ноогоҳ» ва «бехабар» аст. Бояд афкори ҷавонон тавре тащийр дода шавад, ки онҳо дар ҷомеа қудрату нерӯ ва тавонмандиҳои худро бештар ҳис кунанд. Дар ин сурат онҳо худро бештар ҳис кунанд. Дар ин сурат онҳо худро аз «ҳамла»-и «щофилгирона» эмин нигоҳ дошта метавонанд. Ҳимояи манфиатҳои ҷавонон тӯли чанд сол аст, ки пайгирона аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳадафмандона татбиқ карда мешавад.

Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лайқатманди мо, дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд».

Ин ташаббусҳо гувоҳи он аст, ки Ҳукумат нерӯи ободгар, фидокор ва ватандӯстонаи ҷавононро эътироф карда, барои нишон додани қобилият ва тавонмандиҳояшон омода сохтааст.

Муҳайё Ахмедова Муҳиддиновна
Омӯзгори фанни забон
ва адабиёти тоҷик МТМУ №15