(0 овоз, миёна 0 аз 5)

“Ситораи Хуҷанд” ифтитоҳ шудДар кӯчаи Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳои шаҳри Хуҷанд бахшида ба эълон гаштани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Маҷмааи хизматрасонии «Ситораи Ҳуҷанд» ба фаъолият оғоз намуд.

Дар маросими ифтитоҳи он мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Усмон Олимӣ иштирок ва баромад намуд.

Зикр гардид, ки бино аз 6 ошёна, таҳхона, 12 ҳуҷраи хизматрасонӣ иборат буда, дар ошёнаи якум тарабхона, дар ошёнаи дуюм толори баргузории семинар, конфронс ва ҳамоишҳо, дар ошёнаи сеюм маркази хизматрасонӣ ба соҳибкорон пешбинӣ гардидааст. Ошёнаҳои  4-6 барои меҳмонхона сохта шудааст.

Муассиси Маҷмаи хизматрасонии «Ситораи Хуҷанд» ҶДММ «Зам-Зам» буда, дар марҳилаи аввал то 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар маросими ифтитоҳии он ҳамчунин соҳибкори варзида Абдураҳим Исмоилов ва раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода иштирок ва суханронӣ намуда, ифтитоҳи чунин маркази хизматрасониро дар остонаи Наврӯз фоли нек арзёбӣ намуданд.

Барои иштирокчиёни маросими ифтитоҳии Маҷмааи хизматрасонии «Ситораи Ҳуҷанд» барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд