(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Наврӯзи «Навбаҳор»Сокинони беш аз  8 ҳазор нафараи маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд бо муҳассилину омӯзгорони МТМУ №21 Наврӯзи байналмилилалро таҷлил намуданд.

Дар муассисаи номбурда байни синфҳои 11 озмуни наврӯзӣ баргузор ва ғолибон муайян карда шуданд. Суруди таронаҳои наврӯзӣ, махсусан «Суманак» ва «Бойчечак» бо маҳрати баланд саройида шуд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва роҳбарияти маҳаллаи «Навбаҳор»  аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сокинонро бо Наврӯзи байналмилал табрику таҳният гуфтанд.

Зикр гардид, ки яке аз суннату таомулҳои неки Наврӯз ин аз кинаву кудурат пок кардани дилҳо, бахшидани гуноҳҳо, авфи якдигар, таҳким додани риштаҳои дӯстиву рафоқат, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону маъюбон, мӯҳтоҷону эҳтиёҷмандон, инчунин афрӯхтани гулхани наврӯзӣ, густурдани ҳафтхони наврӯзӣ, шинонидани ниҳол, ҷуфтбаророн, пошидани донаи умед, баргузор кардани мусобиқаҳои паҳлавонӣ ва таконидани ҷиҳозу асбоби хона мебошад. Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ҷашни Наврӯз дар кишварамон таровати хоса гирифта, он сол аз сол дар сатҳи давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати азим таҷлил мегардад. Мо дар даврони истиқлолият, ки дар назди таърих на он қадар фосилаи зиёд мебошад, дар ҳама арсаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил шудем. Бузургтарин дастоварди мо хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу субот ва таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ мебошад.Дар баробари ин, ҷашни миллии Наврӯзро дар баробари мардумони ориёинажод дигар халқҳое, ки бо сарзамини бузурги Аҷам ҳамеша робитаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштаанд, бо тамоми одобу русумаш ҳамчун яке аз ҷузъҳои таркибии фарҳанги миллиашон пазируфтаанд, ки ин, бешубҳа, баёнгари меҳру муҳаббат, тарғибгари некиву накӯкорӣ ва бунёдкориву созандагӣ будани Наврӯзи Аҷам мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд