(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Иди байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай – ҷашни  оғози баҳор ва соли нави мардуми тоҷикро ба ҳамаи шумо ва пайвандонатон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, барори кору саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва фатҳу кушоиши бисёрро таманно мекунам.

Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ки далели қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад. Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, оини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват буда, ҷашни зебоиву накўӣ, шукуфоиву арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи  пайванди  наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза дониста шудааст.

Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ифода кардаанд, «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни  ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст».

Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои  тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд ва имрўз рисолати мост, ки ин суннатҳоро бо тобишу маънии тоза ба ояндагон ба мерос гузорем.

Боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни муқаддасу мубораки мо бо пешниҳоди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии  мамлакатҳои дигар аз ҷониби  Созмони Миллали Мутаҳҳид мақоми  ҷаҳонӣ  гирифта, аз соли 2010 инҷониб дар саросари олам бо шукӯҳу шаҳомоти хоса ҷашн гирифта мешавад.

Соли ҳаштуми Наврӯзи байналмилалиро дар вилояти Суғд таҳти раҳнамоиҳои Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол хоҳем кард.

Таҳти сиёсати  оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқболу тантанаи Наврӯз рангу ҷилои нав гирифт. Мардуми сарбаланди шаҳри Хуҷанд дар қатори дигар сокинони вилояти Суғд иқдоми  неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  оид ба эълон гардидани соли 2018 - «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гарм истиқбол намуда, ба ободии кишвар, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои ниёгонамон эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, мехоҳанд, бо ин васила дар рушду  таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва расидан ба ҳадафҳои  олии инсонӣ  саҳми назаррас  гузоранд.

Бори дигар, омадани соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи  хуҷастапайро барои ҳамаи шумо муборакбод гуфта, умед мекунам, ки  Наврӯз  ҷавону ҷовидон бимонад, аз файзу баракоти он Тоҷикистони  мо боз ҳам шукуфон ва рӯзгори мардум хуррамтару обод бошад.

Наврӯз муборак, ҳамдиёрони азиз!