(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аввалин Наврӯзи Мактаби Президентӣ дар шаҳри ХуҷандМуҳассилину устодони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо аҳли сокинони маҳаллаи Темурмалики шаҳр тантанаҳои Наврӯзи байналмилалро таҷлил намуданд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муқаддас Шодибоева табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба самъи ҳозирин расонд. Таъкид гардид, ки аҳамияти иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург аст. Онро танҳо воситаи фароғату истироҳат ё худ шодиву сурур пиндоштан раво нест. Наврӯз нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ, мизони ҳаракати сайёраҳо, вуруди соли нави мардуми ориёинажод мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳамаи давру замон фарорасии Наврӯзро ҳамчун эҳёи нуру зиё ва файзу баракат бесаброна интизорӣ мекашиданд. Бузургтарин ҳикмати гузаштагони некноми мо "гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек" мебошад, ки имрӯз ҳам дастури амали ҳар фарди ватандору бофарҳанг ва баору номус бояд бошад. Ин ҳикмат дар сиришти ҳар шахс ахлоқи ҳамидаву меҳру садоқат ва покизагии рафтору кирдор мепарварад, дар баробари ободиву файзу баракати ҳар хонавода ба пешрафти нерӯмандии кишвар мусоидат менамояд.

Муқаддас Азимова, директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд зикр сохт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат на танҳо рафтору гуфтор ва пиндори нек, балки покизагии муҳити зист ва истифодаи оқилонаи обу заминро талқин мекунад. Ба ҳамин хотир мегӯянд, ки агар дарахтеро сабзондаю ба воя расонида бошӣ, умрат бесамар намегузарад ва ёдат дар дилу дидаҳо боқӣ мемонад.

Муҳассилини ин муассисаи бонуфуз бо оростани дастархони наврӯзӣ ва барномаи фарҳангии пурмазмун табъи ҳозиринро болида намуданд.

Бояд қайд намуд, ки муҳассилин ва ҷомеаи меҳнатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд бори аввал аз Наврӯзи байналмилал ҷашн мегиранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд