(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шоҳ Ҷамшед дар маҳаллаи ТиллоконСокинони маҳаллаи «Тиллокон»-и шаҳри Хуҷанд бо хонандагону омӯзгорони МТМУ №19  чорабинии идонаро бо оростани дастархони наврӯзӣ ва барномаи бадеъӣ-фарҳангӣ ташкил ва дар сатҳи баланд гузарониданд.

Дар чорабинии фарҳангӣ Бобои Деҳқон ва Баҳор ҳозир шуда сокинони маҳалларо бо наврӯзи аҷам табрик гуфт. Шоҳ Ҷамшед дар тахти шоҳона нишаста, барномаи фарҳангии идонаро бахшида ба Наврӯз тамошо кард.

Намояндаи Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Раҳим Расулзода табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи бошандагони маҳалларо расонида, эшонро бо фарорасии Наврӯзи байналмилал таҳният гуфта, аз ҷумла, афзуд, ки «Иди байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай – ҷашни  оғози баҳор ва соли нави мардуми тоҷикро ба ҳамаи шумо ва пайвандонатон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, барори кору саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва фатҳу кушоиши бисёрро таманно мекунам.

Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ки далели қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад. Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, оини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват буда, ҷашни зебоиву накўӣ, шукуфоиву арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ мебошад. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи  пайванди  наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза дониста шудааст.

Зикр гардид, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла ҷиҳати боло бурдани эътибору мартабаи Наврӯз тадбирҳои мушаххас анҷом медиҳад. Бахусус дар арафаи Наврӯз дар сатҳи давлатӣ баргузор намудани Рӯзи модар, мулоқоти Роҳбари давлат бо зиёиёни кишвар, Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва дар остонаи ин ҷашн вусъат додани корҳои ободонӣ аз ҷумлаи иқдому амалҳои неки наврӯзӣ мебошанд.

Дар ин раванд, бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ҷиҳати ободии Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, кӯшиш намояд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз Наврӯз то Наврӯз боз ҳам ободу зебо ва нерӯманду пешрафта гардад.

Раиси маҳаллаи «Тиллокон» Б. Сообирова низ сокинонро бо Наврӯзи байналмилал табрику таҳният гуфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд