(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Наврӯз дар «Бофанда»

Дар МТМУ №2-и шаҳри Хуҷанд тантанаҳои наврӯзии маҳаллаи «Бофанда» бо шукуҳи шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Ҷавонони маҳалла ба меҳмонон намунаи бозиҳои наврӯзиро бо маҳорати баланд намоиш доданд. Занони ҳунарманд маҳсули ҳунари хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов аҳли маҳалларо бо ҷашни байналмилалии Наврӯз аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки «Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ки далели қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад. Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, оини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват буда, ҷашни зебоиву накўӣ, шукуфоиву арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи  пайванди  наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза дониста шудааст».

Таъкид шуд, ки Наврӯз рамзи баҳор - оғози баракати сол аст. Баракати ҳосили деҳқон аз заҳмати рӯзафзуни баҳор оғоз мегирад. Аз ин лиҳоз, мо аз ин ибтидои баҳори имсола дар боғу хиёбонҳо даҳҳо ҳазор дарахтони мевадиҳанда шинондем.

Имрӯзҳо кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ба киштукори баҳорӣ ва ободонии Ватани азизамон камар бастааст, то ки кишвари офтобию ҳамешабаҳорамон зеботару нурафзотар гардад.

Ҳамчунин намояндаи Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Набиҷон Халилзода аҳли бошандагони маҳалларо бо иди Наврӯз таҳният гуфт.

Барномаи рангину озмунҳои фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд